arzon replenishment
Дар ДДОТ 1642 нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил мекунанд
330

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 1642 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар зинаҳои гуногун таҳсил мекунанд.

Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода зикр намуда, афзуд, ки аз Ҷумҳурии Туркманистон 7 нафар, аз Ӯзбекистон 1594 нафар, аз Қазоқистон 4 нафар, аз Покистон 1 нафар, аз Афғонистон 13 нафар, аз Чин 22 нафар, аз Олмон 1 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Инчунин, гуфта шуд, ки 10 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба сифати омӯзгор ва шунаванда дар донишгоҳ фаъолият менамоянд.

Аз Ҷумҳурии Халқии Чин 2 нафар омӯзгор ва 1 нафар шунаванда, аз Ҷумҳурии Корея 2 нафар омӯзгор, аз Ҷумҳурии Исломии Эрон 1 нафар шунаванда, аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 3 нафар шунаванда дар Донишгоҳи омӯзгорӣ фаъолият менамоянд.

Қобили зикр аст, ки дар шуъбаи ғоибонаи зинаи магистратура 22 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Чин таҳсил карда истодаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД