Gazprom july 2025
Дар ДДМИТ боз шаш ихтисоси нав ташкил карда шуд
131

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон боз шаш ихтисоси нав ташкил карда шуд. Дар ин бора ректори ин муассисаи олӣ Бобоҷон Сатторзода иттилоъ дод.

«Молияи бозори амвол», «Иқтисодиёт ва молияи корхонаҳои хоҷагии шаҳр», «Иқтисодиёт ва молияи хоҷагии манзилию коммуналӣ», «Менеҷменти лоиҳаҳои рақамӣ», «Иқтисодиёти «сабз»» ва «Иқтисодиёт» аз ихтисосҳои нав мебошанд, ки онҳо тибқи талаботи бозори меҳнат ҷорӣ карда шудаанд.

Зикр шуд, ки ҳоло дар ин донишгоҳ 6 факултет, 17 кафедраи тахассусӣ ва 8 кафедраи умумидонишгоҳӣ фаъолият доранд. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД