Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгор ва 50-солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, профессор Марям Исоева баргузор гардид.
Дар ин тантана намояндагони Вазорати фарҳанг, ҲХДТ, омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат доштанд. Зимни баромадҳо таъкид шуд, ки Марям Исоева беш аз панҷ даҳсола дар тарбияи шогирдони соҳибистеъдод саҳми арзанда дорад ва имрӯз даҳҳо ҳунарпешагони шинохтаи кишвар худро шогирди ӯ медонанд.
Дар анҷом, омӯзгорон бо мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ гардида, барномаи фарҳангии зебо рӯҳияи идонаро пуршукӯҳтар намуд.