Моҷарои як зану шавҳар дар Чавлибой бо кордзанӣ анҷом ёфтааст. Дар ин бора Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Кормандони шуъбаи корҳои дохилии Сино 2-и шаҳри Душанбе марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе Бобоҷон Бобомуродовро бо гумони латукӯб ва бо корд захмӣ намудани ҳамсараш боздошт намудаанд. Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 15-уми майи соли 2025 байни ин мард ва ҳамсари 38-солааш Бобомуродова М. дар кӯчаи Чавлибой ҷангу ҷанҷол сар зада, дар рафти муноқишаи оилавӣ Бобоҷон Бобомуродов занашро аввал латукӯб карда, баъдан бераҳмона чанд корд задааст.
Дар натиҷа зан ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шудааст. Гумонбар аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шуда, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст.
Тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.