tobiston
Дар бозори “Ҳоҷӣ Шариф”-и Бохтар сӯхтор рух додааст
02.07.2025
Oila.tj
104

Шаби 1 ба 2-юми июли соли равон дар бозори “Ҳоҷӣ Шариф”-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон сӯхтор рух додааст.

Кормандони Хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо оташнишонҳои шаҳру ноҳияҳои атрофи шаҳри Бохтар бо истифода аз мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ дарҳол ба ҷойи ҳодиса расида, сӯхторро хомӯш кардаанд.

Хушбахтона, дар пайи сӯхтор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Сабаби сӯхтор ҳанӯз маълум нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД