Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори муваффақи ватанӣ Муҳиб Бобоҷонов ва фарзандонаш дар болои дарёи Кофарниҳон кӯпруки мошингузари дарозиаш 220 метр ба маблағи 5 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.
Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Ҳисор, кӯпрук иқтидори борбардории 7 тоннаро дошта, деҳаву маҳалҳои шаҳри Ҳисор, ноҳияи Рудакӣ ва ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо мепайвандад.
Дар маросими ба истифода додани пули мошингузар дар деҳаи Шерхонии ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор роҳбарияти шаҳр, сармоягузорони ватанӣ, сокинону меҳмонон аз ноҳияҳои Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Рӯдакӣ иштирок намудаанд.
Муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор Сироҷиддин Каримзода ба соҳибкори ватанӣ ва фарзандонаш барои чунин амалҳои нек изҳори миннатдорӣ намуда, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сипоснома тақдим намудааст.
Ҳикматулло САНГИНОВ