Масъулини ҳукумати маҳаллии шаҳри Бохтар тасмим гирифтаанд, ки мағоза ва дӯконҳои дар кӯчаву хиёбонҳои ин шаҳр дар сари роҳҳои пиёдагард ба таври ғайриқонунӣ сохташударо аз миён бардоранд.
Тавре расонаҳо дар такя ба МИҲД-и шаҳр хабар додаанд, дар муҳлати 10 рӯз тамоми мағозаҳои хурд, дӯконҳо ва марказҳои хизматрасонӣ, ки дар роҳҳои пиёдагард сохта шудаанд, вайрон карда мешаванд.
Бо ин мақсад комиссияи махсус ташкил карда шуда, аз 15-уми апрел корро аз вайрон кардани чунин дӯконҳо дар гирду атрофи бозори “Фаровон” оғоз кардаанд. Тибқи нақша, то 25-уми апрел тамоми мағозаҳои хурд, дӯкон ва марказҳои хизматрасонӣ, ки ба таври ғайриқонунӣ дар роҳҳои одамгузар сохта шудаанд, дар шаҳри Бохтар аз миён бардошта мешаванд.
Соҳибкороне, ки нуқтаҳои савдояшон вайрон карда мешавад, аз рӯйи имконият дар бозори шаҳр бо ҷой ва нуқтаҳои нав таъмин карда мешаванд.