Аз 5-уми октябр дар шаҳри Бохтар лоиҳаи «Шаҳри бехатар» ба фаъолият оғоз мекунад.
Дар доираи лоиҳа дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр камераҳои назоратӣ ва радарҳо насб шуда, қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла суръатбаландӣ, гузаштан аз чароғаки сурх ва таваққуфи нодуруст ба таври худкор сабт мешаванд.
Ба гуфтаи мақомоти шаҳр, ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани амнияти ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва таъмини ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиёт мебошад.
Мақомоти Бохтар аз ронандагон даъват мекунанд, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро қатъиян риоя намоянд.