arzon replenishment
Дар Белгия базми наврӯзии “Шоми суманак” баргузор гашт
126

Бо ташаббуси ҷамъияти тоҷикони Белгия «Диёр» дар ҳамкорӣ бо ҳамкории ҷамъиятҳои фарҳангии дигар дар шаҳри Берингени минтақаи Фландрия бахшида ба Иди Наврӯз “Шоми суманак” баргузор гаштааст.

Бино ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия дар барнома ҳамватанони муқими Белгия ва Нидерланд, намояндагони ҷамъияти тоҷикони Нидерланд “Анҷумани Сомониён”, дӯстдорони фарҳанги шарқӣ, инчунин сокинони маҳаллӣ ва меҳмонон аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз иштирок намудаанд.

Хони анъанавии “Ҳафт син” ва “Ҳафт шин”-и наврӯзӣ бо тамоми унсурҳои хоссаи худ ороста шуда, ҳамзамон либосҳои миллӣ ва таомҳои суннатии тоҷикӣ, ба монанди оши бурида, палов ва фатирмаска ба намоиш гузошта шудаанд.

Барномаи ҷашнӣ бо қироати шеъру сурудҳои наврӯзӣ табъи ҳозиринро болида гардонида, ҳунармандон бо рақсу бозӣ ва оҳангҳои мардумӣ ба чорабинӣ шукӯҳи дигар бахшидаанд.

Туфайли ин барномаи рангин меҳмонон имкон пайдо намудаанд, ки рамзи Наврӯз – суманакро бичашанд ва аз хӯрдани дигар шириниҳою таомҳои миллии тоҷикона лаззат бурда, бо суннат ва расму ойинҳои мардуми тоҷик аз наздик шинос шаванд.

Ин чорабинӣ бори дигар аҳамияти Наврӯзро ҳамчун як ҷашни зебо ва бошукӯҳи байналмилалӣ исбот менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД