Аз 29 то 31-уми май ҳаракати мошинҳо дар як қатор кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд мешавад.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар Душанбе, ин маҳдудиятҳо ба баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо рабт доранд.
Тавре гуфта мешавад, ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои Мастонгулов, А. Дониш, С. Айнӣ, хиёбонҳои Рӯдакӣ, И. Сомонӣ ва Ҳ. Шерозии шаҳри Душанбе дар ин рӯзҳо муваққатан маҳдуд мешавад.
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда шудааст, ки аз таваққуфи нодуруст дар кӯчаҳои мазкур худдорӣ намуда, аз роҳҳои кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.