Formula novemver 2024
Дар байни маргу зиндагӣ (Қисми2)
2452

Саратон?! Духтурҷон, росташро гӯед, аз умри занам чи қадар вақти дигар боқӣ мондааст?-Пурсид Муродҷон базӯр худро аз гиря нигоҳ дошта.
-Худро ба даст гиред, охир ҳанӯз ин танҳо тахмин асту халос. Ман нагуфтам, ки ҳамсаратон аниқ гирифтори саратон аст, вале аз рӯйи баъзе нишонаҳояш бемориаш ба касалии саратон монандӣ дорад. Барои ҳамин беморро нағзакак ташхис кардан лозим аст.
- Кай метавонам занамро ба ташхис барам?
-Ҳар қадар зудтар баред, ҳамон қадар хуб аст, зеро дард кӯҳна шавад, табобаташ душвр мегардад.
Муродҷон роҳхатро барои ташхис аз дасти духтур гирифта “раҳмат” гӯён аз дар баромад, вале шунидани калимаи шуми “саратон” аллакай ӯро чунон рӯҳафтода гардонида буд, ки рангаш ба мисли пахтаи кӯҳна парида, дар назараш замину осмон давр мезад. Ранги паридаи ӯро дида, занаш бо изтироб пурсид:
- Ҳа дадеш чи гап шуд? Чаро ин қадар рангу рӯятон паридагӣ? Духтур чӣ гуфт? Дарди ман бедаво будааст-чи?
-А чӣ гуфтӣ? - Ҳайратомез пурсид Муродҷон азанаш, зеро ӯ чунон ба фикру хаёл ғуттавар гашта буд, ки чизеро эҳсос намекард. Марди ба даҳшат афтида, хаёлан ҳамсарашро аллакай гӯру чӯб карда, дилаш хун мегирист.
-Мегӯям, ки духтур чӣ гуфт? Дарди ман бедаво будааст-чи?
-- Не, не ҳоло мо ташхис накардаем-ку! Бояд рафта аз ташхиси пурра гузарем.
- Ин хел бошад, барои чи рангатон паридагӣ? Росташро гӯед, духтур чӣ гуфт?
-Ягон чиз нагуфтаааст, фақат ташхис қимматтар будааст, барои ҳамин камтар ғамгин шудам, ки ин қадар пулро аз куҷо меёфта бошем, -баҳона пеш овард Муродҷон.
-Ин хел бошад, биёед ба хона меравем,-гуфт Нисо, ки намехост шавҳараш барои ӯ шуда ба қарзу қавола ғутта занад.
-Эй занакҷон, саломатии ту аз ҳама қиматтар аст. Худованд ёрӣ мерасонад, ин тарафашро фикр накун. Муҳимаш худат дар болои сари бачаҳоямон сиҳату саломат бошӣ, пулу мол ёфт мешавад, охир ба як ҷойи бадани ту хоре халад, ҷони ман дард карда, азоб мекашад,-оҳи сард кашида гуфт Муродҷон.
-Дадеш, росташро гӯед, ман сиҳат мешавам ё не?!- маҳзунона пурсид ҳамсараш.
-Албатта сиҳат мешавӣ занакҷон, охир ба ту ҳеҷ чиз нашудааст. Танҳо мо аз ташхис барои дилпур шудан мегузарем. Кани як табассум кун! Дигар ҳеҷ гоҳ туро ғамгин набинам. Майлаш?
-Занаш аз суханҳои ширини Муродҷон ба ваҷд омада, даври лабонаш табассум гул кард, вале дили худи Мурдҷон ин лаҳзаҳо мисли осмони абрии баҳорӣ тираву тор шуд ва худро базӯр аз гиря нигҳ медошт. Вай ҳамрҳи занаш аз ину он суҳбаткунон қадам назад ҳам, хаёлаш ба сад кӯчаву паскӯча рафта, аз андешаи он ки аз умри модари фарзан донаш рӯзҳои башумор боқӣ мндааш хун дар рагҳояш ях мебаст...

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД