Тақдими китоби «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба сокинони ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон идома дорад. Тибқи нақша дар ин ноҳия бояд ба 5076 оила “Шоҳнома” тақсим карда шавад.
Айни замон барои амалӣ намудани ин иқдоми фарҳангӣ дар ноҳия гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст ва аъзои он деҳа ба деҳа гашта, аз номи Сарвари давлат ба ҳар оила “Шоҳнома” тақдим менамоянд. Тақдими «Шоҳнома» ба ҳар оилаи мамлакат бо ташаббуси Пешвои миллат ба роҳ монда шуда, аҳамияти бузурги адабӣ, тарбиявӣ ва маънавӣ дорад. Ин амал дар ташвиқи мутолиа, арҷгузорӣ ба мероси адабӣ ва таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ байни наслҳои имрӯза нақши созанда мегузорад.
Бояд гуфт, ки то имрӯз шумораи зиёди хонаводаҳо ин китоби гаронбаҳоро дастрас намудаанд ва тақсими он дар тамоми ҷамоатҳои ноҳияи Балҷувон идома дорад.