Дар Бадахшон писар падарро кушт
24.12.2025
Оила
106

Дар Бадахшон писар падарро кушт
Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани фоҷиаи талхи куштори падар ба дасти писар дар Бадахшон хабар додааст.
Тибқи иттилоъи манбаъ, ин ҳодисаи нохуш шаби 20 ба 21- декабр дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар зада, як марди 40 сола дар ҳолати мастӣ падари 69 солаашро бераҳмона латукӯб кардааст. Дар натиҷа падар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидааст.
“Падари 69-сола бо белча ду маротиба ба дасти писари 40-солааш зарба задааст, писараш ба ғазаб омада, бо чангак барои кофтани оташдон ба гардану гулӯ ва қисмати қафаси синаи падараш зарба задааст”, - омадааст дар хабар, вале сабаби ҷанҷоли падару писар маълум нест.
Гуфта мешавад, ки бар асари ин моҷарои тақдирсӯз падар ба рӯйи оташдон афтида, ҷароҳат бардоштааст ва пас аз чанд соати сар задани ин ҳодисаи нохуш вафтидааст.
Алайҳи гумонбар бо иттиҳоми “одамкушӣ” бо моддаи 104-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфтааст. Ин банди қонун аз 8 соли зиндон то ҳабси абадро пешбинӣ менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД