Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 25 муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода мешаванд. Дар ин хусус зимни ҷаласаи кормандони соҳаи маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ дода шудааст.
Имсол дар вилоят 26 бинои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барои зиёда аз 1700 кӯдак мавриди истифода қарор гирифт.
Дар ҷаласа гуфта шудааст, ки зинаи таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии кӯдакон марҳилаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Ҳукумати Тоҷикистон ба бунёди муассисаҳои томактабӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад.
Ҳамчунин дар ҷараёни ҷаласа доир ба рушди инфрасохтори таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва омодагӣ ба соли нави таҳсил мубодилаи афкор карда шудааст.
Айни замон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 313 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамояд. Инҳо 202 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла 1 мактаби президентӣ, 1 литсей ва 1 Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, 42 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 66 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ мебошанд.