Муҳоҷирони тоҷик, ки дар Аврупо ба ронандагӣ машғуланд, бояд донанд, ки дар шоҳроҳҳои давлатҳои Иттиҳоди Аврупо аломати нави роҳ дар шакли ромб дар заминаи кабуд пайдо шудааст, ки масири истифодаи муштаракро ифода мекунад.
Ин аломат танҳо барои таксиҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ ё мошинҳое, ки ҳадди ақалл ду нафар, аз ҷумла ронанда нишастаанд, имкони ҳаракат дар масири муштаракро медиҳад. Вайрон кардани ин талабот метавонад сабаби ҷарима ба маблағи 135 евро шавад.
Ҳадафи он пешгирӣ аз монеаҳо ҳангоми пеш гузаштан аз мошинҳои дигар ва ҳавасманд кардани одамон барои истифодаи бештари мошинҳои барқӣ ё нақлиёти ҷамъиятӣ барои коҳиш додани ифлосшавии ҳаво мебошад.
Ин аломат асосан дар тарафи чап ҷойгир аст. Дар назди он аллакай камераҳо насб шудаанд, то ҳаракати мошинҳоро дар доираи ин аломат назорат кунанд. Ҳадафи он пешгирии тамбашавии мошинҳо дар шоҳроҳҳои бузурги Аврупо аст.