Formula novemver 2024
Дар ҷавонӣ пир шудед?
05.08.2023
ОИЛА
866


Дар пӯсти рӯй хеле барвақт пайдо шудани ожангҳо нишонаи пастшавии сатҳи ҳормони ҷинсии занона аст. Барои баргардонидани ҷавониву зебоӣ табобати ҳормонӣ тавсия дода мешавад.

Зан ғул мешавад, агар…

Аз ҳад зиёд сермӯй будани бадан нишонаи бемориҳои гинекологӣ аз ҷумла синдроми поликистози тухмдонҳо буда метавонад. Ин беморӣ бар замми серпашмӣ мушкилоти безурриётиро низ ба миён меорад. Барои он ки ҳам зебоӣ ва ҳам қобилияти модар шуданро аз даст надиҳед, ҳатман аз ташхиси ултрасадо гузашта, барои фаҳмидани сатҳи ҳормонҳои ҷинсӣ хун супоред.

Калшавӣ нишонаи чист?

Калшавӣ ва аз ҳад зиёд рехтани мӯй нишонаи вайроншавии мубодила ва сатҳи ҳормонҳо мебошад. Мӯйи саратон мисли хазон мерехта бошад, ҳатман ба назди духтури занона равед. Табиб бо дорувориҳои ҳормонӣ шуморо табобат мекунад.

Фарбеҳӣ нишонаи беморист?

Мехоҳед химчамиён шавед ва бо ин мақсад ҳафтаҳо парҳез мекунед? Қабл аз он ки фикри харобшавиро кунед, шумо бояд аввал сабабҳои фарбеҳ шуданатонро муайян созед. Ин корро танҳо бо кӯмаки гинеколог-эндокринолог кардан мумкин аст.

Табиб мувозинаи кори ҳормонҳоро ба эътидол оварда, роҳи аз равғани шикам, ки ба саломатии дил хатари ҷиддӣ дорад, раҳоӣ ёфтанро нишон медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД