Толибон дар чанд вилояти Афғонистон ба журналистон гирифтани акси одамон ва дигар мавҷудоти зинда, ҳамчунин намоиш додани онро дар телевизион ва дигар воситаҳои ахбори омма манъ кардаанд.
Бино бар иттилоъи Маркази хабарнигории афғонӣ аз 18 –апрели соли равон дар чанд вилояти Афғонистон ба навор гирифтани чеҳраи одамон ва дигар мавҷудоти зинда ба пуррагӣ манъ шудааст. Журналистон ҳуқуқ надоранд, ки ҳатто акси одамон ва мавҷудоти зиндагиро гирифта, дар расонаҳо ва дигар воситаҳои ахбори омма паҳн намоянд.
Наворбардорӣ ва акс гирифтан дар тамоми чорабиниҳо қатъиян манъ карда шудааст. Аксбардорӣ ва ба навор гирифтани мавҷудоти зинда натанҳо ба журналистон ва операторони касбӣ, балки ба одамони оддӣ низ манъ аст. Шахсоне, ки ин қоидаро вайрон намуда, одамон ва мавҷуди зиндаро ба навор мегиранд ё аксбардорӣ мекунанд, ба додгоҳ кашида мешаванд.
Дар вилоятҳое, ки қоидаи мазкур ҷорӣ шудааст, шабакаҳои телевизионӣ ба ҷойи одамон акси гулҳо ва биноҳоро намоиш медиҳанд, матнро бошад, ровӣ аз паси кадр мехонад.