Фардо барои тамоми занону духтарон рӯзи хос-иди бонувон аст. Албатта ҳар мард мехоҳад дар “Рӯзи Модар” ба модар, хоҳар, ҳамсар ва дигар бонувони дӯстдоштааш туҳфае тақдим намуда, табъи мисли гул нозуки онҳоро шод созад, вале на ҳар туҳфа ба занон хуш меояд. Ба хотири кӯмак ба мардон имрӯз мо дар бораи туҳфаҳое маълумот медиҳем, ки ба тамоми занону духтарон писанд меоянд
1. Гулдаста ва ширинӣ
Зане нест, ки гул ва шириниро дӯст надорад. Туҳфа гирифтани гулдаставу ширинӣ дар рӯзи ид табъи занону модаронро болида мегардонад ва онҳоро шоду хурсанд месозад.
2. Атриёт
Албатта атриёт туҳфаи беназир аст, вале қабл аз он, ки барои зане духи ё атр мехаред, аниқ намоед, ки кадом бӯйҳоро дӯст медорад.
3. Матоъи замонавӣ ва рӯймоли рангоранг
Матоъ ва куртаву рӯймолро шумо метавонед ба модар, хоҳар ва ё ҳамсаратон туҳфа кунед. Ба занҳои ҳамкор ё шинос туҳфа кардани куртаворӣ ва руймол чандон хуб нест, зеро шумо завқи ин тоифаи занонро чандон хуб намедонед. Ҳарчи бодо бод гуфта, куртавор хариданӣ бошед, беҳтараш атлас ё адрас харед.
4. Ҷавоҳирот
Туҳфа гирифтани ҷавоҳирот дилхоҳ занро хурсанд мекунад. Сухан дар бораи ҳалқаҳо, гӯшворҳо ва гарданбандҳои гаронбаҳо намеравад, ҳатто як занҷири начандон қиматбаҳое, ки шумо дар рӯзи ид тақдим мекунед, метавонад ҷавоҳироти дӯстдоштаи модар ё ҳамсаратон гардад.
5. Телефон
Дар рӯзи ид барои зане телефон хариданӣ бошед, смартфони баландсифатро бо дисплейи калон, тарҳи зебо ва камераҳои хуб интихоб кунед, то истифода бурданаш қулай бошад.
6. Таҷҳизоти ошхона
Ба ҳамаи занони хонавода таҷҳизоти ошхона аз қабили миксер, блендер, микроволновка ва чангкашаку дигар техникаҳои маишӣ писанд меояд. Бо туҳфа намудани техника шумо кори занро осон мекунед.
7. Дастгоҳ барои маҳскунӣ
Дастгоҳи маҳскунӣ барои аз дард ва стресс халос шудан кӯмак мекунад. Бо ёрии ин дастгоҳ модар ва ҳамсари шумо метавонанд гардан, пушт ва пойҳои худро масҳ кунанд.