Хоб дидам, ки дандони пломба кардаам пломбаш ғалтидааст ва аз дарунаш пустдагию ғаждию кирмхурдагӣ баромадааст.
Тарсида бедор шудам. Мехоҳам таъбири хобамро бидонам.
М, хонандаи Оила. ТЧ
Посух
Аслан дандон дар хоб рамзи пайвандони шахси хобдида мебошад. Тавре дар хобномаҳо омадааст, дандонҳои ашк таҷассумгари сарвари оила ва ё волидон (падару модар) буда, дандонҳои болоӣ мардони хонадон (писарон, бародарон, тағою амакҳо) ва дандонҳои поёнӣ занони хонаводаро (духтар, хоҳар, хола, амма) инъикос менамоянд. Дандонҳои сап-сафед дар хоб фоли нек буда, аз он огоҳӣ медиҳад, ки шахси хобдида ва аҳли оилаашро ҳаёти серу пур ва хушбахтиҳои зиёде интизоранд.
Дандони тилло дар хоб ба тавлиди фарзанди солеҳе дар оила ишорат менамояд, ки дар дами пирӣ такягоҳи падару модар ва мояи ифтихори наздиконаш хоҳад гашт.
Дандони нуқрагӣ ба пул рабт дорад, касе, ки чунин хоб мебинад, дар тиҷорат кораш барор намегирад, касод мешавад ё бо ягон сабаби дигар зарари молиявӣ мебинад.
Афтидану шикасти дандон дар хоб хосияти хуб надорад. Хоб бинед, ки дандонатон пӯсида рехтааст, бояд эҳтиёт шавед, зеро чунин хоб аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шахси хобдида ё ягон одами наздикаш сахт бемор хоҳад шуд. Дар хоб дандони ашкатон афтида бошад, падар ё модаратон мариз мешаванд ё ба сарашон ягон фалокат меояд, вале яке аз дандонҳои дигар бошад, нохушӣ ба сари яке аз мардон ё занони аҳли оила ё хешу табори шумо омада метавонад.
Дандони курсӣ дар хоб афтад, дар ҷойи коратон ягон нофаҳмӣ сар мезанад ё бо касе баҳсу мунозира карда, асабонӣ мешавед.
Дар хобатон тамоми дандонҳоятон резанд, дар байни аҳли авлодатон шумо аз ҳама бештар умр мебинед.
Кас хоб бинад, ки дандонаш пӯсидааст ё онро кирм хӯрда, вайрон шуда афтидааст, бо сабаби хиёнат байни шахси хобдида ва ҳамсараш ҷангу ҷанҷоли сахт ба вуҷуд омада, кор то ба талоқ расида метавонад.