Хӯрдани чукриву торон ва сиёҳалаф дар фасли баҳор кайфияти хосе дорад, аз ҳамин хотир иддае ин гиёҳҳои кӯҳиро манбаи ризқу рӯзии худ қарор додаанд. Албатта хуб аст, ки бо чидану фурӯхтани чукриву сиёҳалаф дар ин замони душвори иқтисодӣ мардум зиндагии худро як андоза пеш бурда, ризқу рӯзии аҳли оилаашонро меёбанд, вале баъзан ба кӯҳ чукричинӣ ё сиёҳалафчинӣ рафтан боиси сар задани фоҷиа мегардад.
Субҳи 17-уми апрел аз шуъбаи милитсияи шаҳри Ваҳдат ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар додаанд, ки ду сокини деҳаи Симиганҷ, ки яке 41 ва дуюмӣ 42 сол доштаанд, рӯзи 12 апрел барои чукричинӣ ба кӯҳҳои атрофи Симиганҷ рафта, бо ҳамин тамоман бедарак шудаанд. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷасадҳои ин ду мардро дар болои кӯҳ дар даруни хаймаашон пайдо карданд. Онҳо аз дуди оташе, ки шабона барои гарм шудани хайма афрухтаанд, ба марг расидаанд.
Ҳодисаи дигари нохуш дар ҳудуди ноҳияи Варзоб сар зада, як ҷавони 25- солаи сокини ҷамоати деҳоти Варзобқалъа барои чидани чукрӣ ба кӯҳ рафта, бо сабаби беэҳтиётӣ дар дараи Очуқ ба ҷарӣ сарозер шуда, ба ҳалокат расидааст.
Мо аз тамоми сокинони минтақаҳои кӯҳӣ хоҳиш мекунем, ки ҳангоми барои чидани чукриву торону сиёҳалаф ба кӯҳ рафтан эҳтиёткор бошанд ва ба хотири даромади ночизе, ки аз чидани ин гиёҳҳо ба даст меояд, ҳаёти худро дар хатар нагузоранд.