Сомонаи Oila.tj ҳамаи шумо - ҳамдиёрони азизро бо ҷашни бузургтарини мардуми ориёинажод - Наврӯзи оламафрӯз муборакбод гуфта, бароятон хонаи обод ва сарсабзию шукуфоӣ таманно дорад.
Ба ифтихори Наврӯз аз 21 то 27-уми март дар кишварамон рӯзҳои истироҳатӣ эълон шудааст ва шумо имкон доред дар ин рӯзҳо бо аҳли оилаатон ба сайру тамошо равед. Мо ба шумо дар бораи чорабиниҳои идонае маълумот медиҳем, ки рӯзҳои наврӯз дар пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои кишварамон баргузор мегарданд.
Ба ифтихори Наврӯз аз 19 то 22-юми март дар шаҳри Душанбе корсерту чорабиниҳои фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва барномаҳои махсус барои ҷавонон ташкил карда мешаванд. Рӯзи 19-уми март Анҷумани IV байналмилалии «Наврӯзи Душанбе - меҳвари равобити фарҳангӣ ва сайёҳӣ» баргузор мегардад, ки чорабиниҳои идонаро боз мекунад.
21-уми март дар баландтарин нуқтаи пойтахт - Боғи Ғалаба соати чаҳори субҳ маросими истиқболи Наврӯз баргузор шуда, дар тамоми
навоҳии шаҳри Душанбе консертҳои идона баргузор мешаванд. Рӯзи 21-уми март, соати 15:00 дар муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» мусобиқаи байналмилалии аспдавонӣ оғоз мешавад. Шоми 21-уми март соати 20:00 дар Майдони Истиқлол барномаи консертии наврӯзӣ ва соати 21:00 оташбозии идона баргузор мегардад.
22-юми март Фестивали байналмилалии сайёҳӣ ва ҷашнвораи хӯрокҳои миллӣ дар Боғи Ирам баргузор хоҳад гашт.
Рӯзҳои 23-26-уми март дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд мусобиқаи сайёҳии варзишӣ баргузор мешавад, ки дар он 55 нафар, аз ҷумла аз Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Эрон ширкат меварзанд.
Рӯзҳои 25-27уми март дар шаҳри Истаравшан мусобиқаи гӯштингирӣ баргузор гашта, дар он паҳлавонони Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Русия ширкат хоҳанд кард.
Имсол ҷашни асосӣ ба ифтихори Наврӯз рӯзи 31-уми март дар шаҳри Хуҷанд баргузор гашта, дар он роҳбарони 3 давлат, яъне президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва президенти Қирғизистон Содир Жапаров ширкат меварзанд.