arzon replenishment
Чорабиниҳои идона бахшида ба Рӯзи пойтахт
243

Рӯзи шанбе, 19-уми апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе Рӯзи пойтахт ботантана ҷашн гирифта мешавад. Ба ифтихори ин рӯз дар шаҳр як силсила чорабиниҳои бошукӯҳи идона баргузор хоҳанд гашт.

Дар “Кохи суруш” 19-уми апрел, соати 13:00 бахшида ба Рӯзи пойтахт барномаи калони консертӣ баргузор мегардад. Дар ҳамин толор инчунин маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳои шаҳрии “Беҳтарин беморхонаи шаҳр”, “Беҳтарин табиби оилавӣ”, “Табиби сол”, “Муаллими сол”, “Хонандаи сол” ва дигар озмунҳо доир гашта, ғолибон аз ҷониби МИҲД-и шаҳр бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Бахшида ба Рӯзи пойтахт санаи 19-апрел ҳамчунин ниммарафони байналмилалӣ баргузор хоҳад гашт, ки дар он дар баробари варзишгарони тоҷик, ҳамчунин варзишгарон аз хориҷи мамлакат иштирок менамоянд. Ниммарафон аз “Наврӯзгоҳ” сар шуда, варзишгарон бояд масофаи 21 км 97,5 метрро тай намуда, то ҳайкали Исмоили Сомонӣ дар майдони “Дӯстӣ” бирасанд. Барои баргузории ниммарафон раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Хазинаи Рушди Пойтахт 590 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст.

Дар ин рӯз ҳамчунин дар боғҳои истироҳатӣ ва дигар марказҳои фарҳангии 4 ноҳияи шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт чорабиниҳои идона баргузор мегарданд ва шумо метавонед бо аҳли оила ва фарзандони пайвандонатон дар ин чорабиниҳо ширкат варзида, идро бо табъи хушу рӯҳи болида гузаронед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД