Дар кӯчаи Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсӣ ва кӯчаи Якуми майи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе (хонаҳои аҳолинишин, корхонаю муассисаҳо, муассисаҳои хӯроки умум, муассисаҳои савдо, бозорҳо, корхонаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, ширкатҳои хусусӣ, истгоҳҳо, роҳравҳо) чорабиниҳои безараргардонӣ (дератизатсия) гузаронида шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, мутахассисони соҳа дар суроғаҳои болозикр 114 иншоотро баҳри муайян намудани хояндаҳо ва дигар омилҳо, ки паҳнкунандаи бемориҳои сироятӣ мебошанд, мавриди мониторинг қарор додаанд. Аз шумораи умумии иншоот 23 адад хонаи истиқоматӣ, 35 адад иншооти хӯрока,14 адад иншооти меҳнат ва саноат ва 42 адад иншооти коммуналӣ мебошанд, ки оид ба саривақт гузаронидани чорабиниҳои дератизатсионӣ пешниҳоди санитарӣ дода шудааст.
Дар баробари гузаронидани чорабиниҳои безараргардонӣ (дератизатсия), инчунин аз тарафи мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ба аҳолии суроғаҳои дар боло қайдгардида оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, риояи корҳои санитарию маърифатӣ ва риояи одоби шаҳрнишинӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳам гузаронида шудааст.