Имрӯз, 11-уми март дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик чорабинии идона баргузор гардид.
Ба як қатор рӯзноманигорон ҷоизаҳо ва ифтихорномаҳо тақдим гардида, барномаи фарҳангӣ низ пешниҳоди ҳозирин шуд.
Зимни чорабинии мазкур барандагони Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2025 эълон гардиданд.
Дар бахши матбуот:
1. Латофат Кенҷаева - собиқадори матбуот, директори ТҶБ "Истиқбол";
2. Ӯрун Калонов (Ворис) - корманди рӯзномаи "Садои мардум";
3. Шодӣ Малахов - корманди нашрияи "Омӯзгор";
4. Сироҷиддин Иззатуллоев - сармуҳаррири "Время & денги";
5. Музаффари Имом - муовини сармуҳаррири нашрияи "Шаҳриёр".
Дар бахши телевизион:
1. Луъбат Ризоева - корманди "Телевизиони Тоҷикистон";
2. Шералӣ Саидов - корманди Телевизиони"Хатлон".
Дар бахши радио:
1. Зарангез Гирдакова - корманди радиои "Овози тоҷик".
Дар бахши пажӯҳиши илмӣ:
1. Абдуҳалим Раҳимов - доктори илмҳои филологӣ, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия.