Formula novemver 2024
Чизкейки «Сан-Себостьян»
1592

Маҳсулоти лозима:

Тухм – 4 дона

Шакар – 180 грамм

Панири дилмашуда (Твороженный сыр)– 600 грамм

Крахмали ҷуворимакка (крахмал кукурузный)– 2 қошуқча

Ванелин – 10 грамм

Қаймоқ 33% - 450 мл

Шоколад – 150 грамм

Тарзи таҳия:

Аввал дар зарф панири дилмашуда ва шакарро бо миксер лат мезанем, баъд тухмро дона-дона илова карда, лат заданро идома медиҳем. Пас аз он, крахмали ҷуворимакка, ванелин, 250 мл қаймоқи 33%-ро рехта, боз 5 дақиқаи дигар бо миксер лат мезанем.

Ба қолаб равған молида ба он қоғази пергамент тунук мекунем ва маҳлулро дар қолаб рехта, дар ҳарорати 200 дараҷа муддати 30 дақиқа мепазем.

Пас аз пухтан чизкейкро каме нигоҳ медорем, то ки хунук шавад, пасон муддати 7 соат чизкейкро дар яхдон нигоҳ медорем.

Барои ороиш дар тоба 200 мл қаймоқи 33% ва шоколадро дар оташи паст об мекунем ва чизкейкро бурида ба болояш мерезем. Чизкейки “Сан-Себостьян” омода шуд, хеле таъми олӣ дорад.

Ба шумо тавсия медиҳем, ки онро дар хона бо дастони худатон омода карда, аз таъми нотакрораш лаззат баред.

Иштиҳои том!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД