Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи нафақагирон хоҳиш кардааст, ки аз қайди барномаи электронии шинохти чеҳра ё айнияткунонӣ (Face ID) гузаранд.
Бино ба иттилои Агентӣ, бо мақсади иҷрои супориши Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2025, №11 «Ҷиҳати гузаронидани азнавбақайдгирии нафақагирон тариқи шинохти чеҳра» дар 68 шаҳру ноҳия, тибқи фармоиши директори Агентӣ, аз 14уми ноябри соли 2025, №82 « Гурӯҳи корӣ ҷиҳати муайян намудани чеҳраи шахсияти нафақагирон (Face ID)» аз ҳисоби кормандони Агентӣ таъсис дода шуда, айни замон аз ҳисоби гурӯҳҳои корӣ дар 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бақайдгирии нафақагирон (Face ID) бомаром идома дорад.