goodwell
Чемпионати CAFA оид ба футбол байни дастаҳои занона дар Ҳисор баргузор мегардад
80

Дар шаҳри Ҳисор аз 21 то 25-уми июли соли равон Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои мунтахаби бонувони то 20-сола баргузор мегардад.

Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқа дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат меварзанд. Тамоми рақобатҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир гашта, бозиҳо аз рӯйи низоми даврӣ дар як марҳила баргузор мегарданд. Гуфта мешавад, ки ҳар як даста се вохӯрӣ анҷом медиҳад ва дастае, ки аз ҳама бештар ғалаба ба даст оварда, имтиёз ҷамъ мекунад, соҳиби унвони қаҳрамонӣ хоҳад гашт.

Барои дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) ин чемпионат яке аз марҳилаҳои муҳими омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2028 мебошад, ки аз 28-уми август то 5-уми сентябри соли оянда баргузор мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД