Маҳсулоти лозима:
Хамир: 8 истакон орд, 3 истакон об, 2 қошуқча орд, 2 қошуқча шакар, 150 мл равғани растанӣ. Қима: 400 г гӯшти қима, 2 пиёз.
Тарзи таҳия:
Обу шакару намакро дар об ҳал кунонида, равғану орд илова кунед ва хамир шӯред. Хамирро дар “плёнка”-и пухтупазӣ печонида, дар ҳарорати хона тақрибан як соат нигоҳ доред.
Гӯшти қимаро бо пиёзи реза ва намаку мурчу зира омезиш диҳед. Хамирро ғафсияш 3 мм тунук карда, аз он бо пиёла давраҳои 15-20 сантиметра буред.
Қимаро дар даруни даврачаҳои хамирӣ печонида, канори хамирро нағзакак маҳкам кунед ва дар равған бирён кунед.