Зиндагӣ аҷаб таззодҳое дорад. Яке ба хотири ёфтани як бурда нон шабу рӯз заҳмат мекашаду хушбахт аст. Каси дигар дар рӯйи хонаш шири мурғ ҳам пайдосту тухми анқо низ, аммо ҳамаи нӯшу неъмати дунёӣ дар даҳанаш аз заҳр дида талхтар аст…
Ман шомили гурӯҳи дуюм ҳастам. Агар шуғли дӯстдоштаамро ба шумо гӯям, шояд механдеду бовар намекунед. Ман ҳар субҳ аз айвони баланди хонаи барҳавоям ба берун менигараму ба хонумҳое, ки шитобон ба сӯйи корхонаашон мешитобанд, бо ҳавас менигарам.
Онҳо шояд аз маош то маош як тинашонро шумурда, зиндагияшонро пеш мебаранд, аммо хушбахтанд, зеро аз касе забонкӯтаҳу дастнигар нестанд. Ман низ дар мактаб бо баҳои хубу аъло мехондаму ният доштам табиб шавам, аммо…
Ҳанӯз ба ҳаждаҳ надаромада будам, ки маро ба шавҳар доданд, аммаи ягонаам давлату боигарӣ ва ҳавлию ҳарамам бегона нашавад гӯён, маро барои писари ягонааш келин намуд. Шавҳари аммам хеле барвақт дунёро падруд гуфтаасту баъди сари ӯ худи аммаам тиҷорати ҳамсарашро давом додааст. Писари ягонаи ӯ, ҳамсари ман аз кӯдакӣ ҳамроҳи модар ёрӣ медоду баъди хатми донишгоҳ сарриштаи корро ба даст гирифт. Шавҳарам тоҷир асту пулёб, мо ҳавлии дуошёнаи барҳаво, боғу роғ ва дар маркази шаҳр се квартираи чор-панҷхонагӣ дорем. Барои кору бори боғ ва хона ду хидматгор дорем, мард ва зане ҳама корҳои хоҷагии моро ба анҷом мерасонанд, албатта ман ҳам бекор намеистам, тамиз кардани сару либоси шавҳараму кӯдакон, хӯрокпазӣ ва дигар корҳоро ба анҷом мерасонам, аммо кори асосиям тарбияи ду писарам ҳаст, ки яке ҳашт ва дигаре чор сол дорад. Аммаам се карат ҳоҷӣ ҳастанду ба тоату ибодат, маъракаороию маъракаравӣ ва сайру саёҳат банд аст. Шавҳарам барои модараш чизеро дареғ намедорад ва аз гапи ӯ як қадам берун намемонад. Муносибати ман ҳам бо аммаам ниҳоят наздик аст, ӯ маро дӯст медорад, вале дар лаҳзаҳои ҳасос аз писараш пуштибонӣ мекунад. Аз чизе камбудӣ надорам, агар гӯям, ки зиндагии шоҳона насибам гаштааст, хато намешавад. Аммо…
Даҳ сол боз дар як бистар бо марде сар мемонам, ки зебою пулёб, корчаллону сарватманд, баобрӯю бологузар, вале хеле баддаҳан аст. Ман гумон мекунам, ки шавҳарам ба ман хиёнат мекунад, шояд зани дуюм низ дошта бошад, вале аммаам тарафи писари ягонаашро, ки ӯро баъди фавти шавҳар танҳо калон кардааст, гирифта мегӯяд, ки писари ман даҳанғар аст, мисли падараш. Шавҳарам ҳаваси занҳои зеборо рӯйи рост дар пеши худам мехӯрад, масалан Мино, Раҳмия Аюбӣ, Шабнаму Фарзонаро он қадар таърифу тавсиф мекунад, ки ростӣ дар назарам ин бонувони ҳунарманди бегуноҳ шум шудаанд. Ман рашкамро ба ӯ нишон намедиҳам, ба суханҳои аблаҳонааш заҳрханда мекунаму халос, аммо ӯ гӯё ман санг ё кулухи рӯйи роҳ бошам, бепарво як ҳарфҳое мегӯяд, ки… Агар Мино розӣ шавад, ки як шом бо ман тарабхона равад, барояш мошини мехостаашро мехарам, ё агар Шабнам розӣ шавад, барояш хона ҳадя мекунам. Аз ин рафтори ӯ қаҳрам меояд, дилам фишор мехӯраду асабӣ мешавам, аммо ба хотири нотинҷ нашудани зиндагиямон чизе намегӯям. Ман чизе нагӯям ҳам, аммам аз нигоҳам норозигиямро фаҳмида, бо табассум мегӯяд:
-Эҳа, ин фақат гап мезанад…Солҳои пеш анъана буд, ки тӯйҳо шаби дароз идома меёфтанд. Падараш бандчаи долларро дар сари ҳофизаҳо пош медод,-аз ин суханҳои аммаам шавҳарам ҳаво гирифта, нидо мекунад, ки “э оҷаҷон, мо ҳам кам намеоем, писари додош да, писари додош!”
Давом дорад