Sebiston new 2024 october
Чаро шаробнӯшӣ миёни занҳо афзоиш ёфтааст?
1028

Тибқи назарсанҷӣ сатҳи майзадгӣ дар аксар кишварҳои Осиёи Миёнарӯ ба афзоиш буда, махсусан дар байни занон ин амали нангин бештар ба қайд гиирфта шудааст.

Abbey Care Foundation, як созмони бритониёӣ дар раддабандиаш аз 182 кишвари ҷаҳон шумораи нафароне, ки ба машрубот вобастагӣ доранд, нашр кардааст, омадааст дар сомонаи "Овози Самарқанд".

Тибқи назарсанҷии ин созмон муайян шудааст, ки истеъмолкунандагон дар Тоҷикистон миёни мардон дар зинаи 92 ва миёни занон дар зинаи 102-ум ҷой грифтааст.

Ҷумҳурии Қазоқистон бошад, миёни занони майнӯш дар ҷойи 11-ум ва миёни мардон дар зинаи 19-ум қарор гирифтааст.

Турманист ягона кишваре, ки дар истеҳсоли машрут даст надорад, шинохта шудааст., вале истеъмолкунандагонаш вуҷуд дошта, миёни мардон ҷои 13-ум ва миёни занон ҷои 115-умро ишғол намудааст. Ҷумҳурии Қирғизистон бошад, дар ҷойи 98-ум миёни мардон ва ҷойи 89-ум миёни занон қарор дорад.

Ӯзбекистон миёни занони аз машрубот вобаста ҷои 101 ва дар байни мардон ҷои 110-ро ишғол намудааст.

Дар мақоми аввали раддабандӣ миёни мардон Русия, Маҷористон ва Литва, дар байни занон бошад, Австралия, Русия ва Колумбия қарор гирифтаанд.

Тибқи назари таҳлилгарони сомона натиҷаҳои моҳҳои январ-феврали соли 2021, истеҳсоли арақ дар сегменти маҳсулоти машруботӣ дар Қазоқистон 60,3% афзуда, то 5,7 миллион литр, истеҳсоли коняк бошад, 6,3 фоиз, то 1,8 миллион литр ташкил додааст.

Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД