Сарнавиште, ки ба шумо нақл мекунам, афсона ё бофтаи хаёлот нест, балки ҳодисаи нангинест, ки чанде қабл дар кишвари мо рух дод. Падару модар кӯдаки сесолаи худро ба савдо гузоштанду писарамакашон болои он нархи иловагӣ зам карда, духтарчаро фурӯхтанд...
Модари сангдил
Фарзанд қиматтарин ва ширинтарин неъмате аст, ки Худованд насиби инсон мекунад. Ҳазорон нафар ба як тори мӯй ва нохуни фарзанд зор буда, солҳо дар ба дари бемористонҳо медаванд, вале ҳастанд нафароне, ки ба қадри ин неъмат намерасанд. Агар чунин намебуд, хонаҳои бепарасторон пур аз кӯдаконе намегашт, ки волидайнашон аз онҳо даст кашидаанд.
Вале ҷинояте, ки дар бораи он сухан меравад, даст кашидан аз фарзанд не, балки фурухтани кӯдаки хурдсол аст, ки аз ҷониби волидайн сурат гирифтааст. Ин ҷинояти гӯшношунид, на танҳо кормандони милисаро ба ташвиш гузоштааст, балки кулли ҷомеаи шаҳрвандиро низ бетараф набояд гузорад.
Дар гузориши видеоие, ки раёсати кофтукови ҷиноии ВКД нашр кардааст, суҳбати модари кӯдак оварда шудааст, ки дар он ақаллан як зарра афсӯсу пушаймонӣ ба мушоҳида намерасад, яъне ин зан зотан сангдил аст...
Маслиҳати савдо
Абдуллоева Сафина бо ҳамзисташ Даминов Тоҷиддин ният карданд, ки кӯдаки сесолаи худро ба савдо гузоранд. Барои ин ба онҳо миёнрав лозим шуд. Барои иҷрои ин “вазифа” онҳо писарамаки Тоҷиддин Абдулҳамиди корчаллонро даъват карданд...
Дере нагузашта, Абулҳамид харидор пайдо кард. Харидор омода буд, ки барои духтарча 3000 доллари амрикоӣ маблағ диҳад. Вале Абдулҳамиди корчаллон аз ин бозӣ низ манфиат ҷустан хост, ӯ ба падару модари тифл гуфт, ки харидорон кӯдакро 1200 доллар нарх кардаанд...
Падару модари сангдил ҳам розӣ шуданд ва кӯдакро барои фурӯхтан омода намуданд.
Тиҷорати нобарор
Билохира, рӯзи савдо фаро расид. Сафина ҳамроҳи Тоҷиддин кӯдакро ба ҷойи таъйиншуда оварданд. Абдулҳамид бо харидорон омад. Ба дасти духтарчаи сесола, ки аз кори дунё фориғ аст, шишаи “Sprite”-ро доданд. Ӯ намедонист, ки ҳамин ҳоло мефурӯшандаш.
Давоми қиссаро аз забони миёнрав мешунавем:
“Ягон 5-6 моҳ пеш писари амакам Тоҷиддин гуфт, ки духтарчаро мефурӯшем, ягон кас нест, бигирад? Оилаи ман Ҷамила дар бозор кор мекард, як рӯз занг зад, ки Тоҷиддин мефурӯшад кӯдакашро? Як зани хуб баромадааст, ки кӯдак намеёфтааст, мегирад кӯдакашро. 3 ҳазор доллар маслиҳат кардем, гуфт, 2500 долларашро ҳоло медиҳад, 500 доллари дигарашро – моҳи май. Ба Тоҷиддин 1500 доллар бароварда дод. Тоҷиддин ҳисоб кард-ҳисоб карду гирифт пулро ва 100 доллар ба ман доду 100 доллар – ба Ҷамила. Вале як 10 метр ҳай карда будем, ки қапиданд моро...”
Воқеан, дар ҳамин лаҳза кормандони раёсати тафтишоти ВКД аз ин қазияи гӯшношунид хабардор шуда, пеши роҳи савдоро гирифтанд...
Фиреби миёнарав ва алами модар
Хушбахтона, кӯдаки сесола аз чунин волидайни ваҳшӣ наҷот ёфт, офарин ба кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот. Вале нуктаи ҷолиби ин қазия дар дигар ҷой аст.
Бубинед, Абдулҳамиди миёнарав дар ин миён фоидаи зиёде ба даст оварданӣ буд. Ӯ кӯдакро 3 000 доллар савдо карда, ба падару модар 1500 доллар гуфт. Илова бар ин, дар рӯзи савдо Тоҷиддин 100 доллар ба худаш ва 100 доллари дигар ба ҳамсараш дод. Яъне, падару модари тифл соҳиби 1200 доллар ва Абдулҳамиду ҳамсараш соҳиби 1700 доллари муфт шуданд.
Дар наворе, ки ВКД пахш кардааст, мебинем, ки Сафина модари тифл аз фурӯхтани фарзандаш не, балки аз фиреб хӯрданаш дар савдо парешон шудааст.
“Шавҳарам омад, гуфт, ки ҳамин 1200 доллар нарх кардаанд кӯдакро. Бачаи амакиам одам ёфтагӣ аст қатӣ занаш. Баъд фаҳмидам, ки нарх 2500 доллар будааст, моро фанд кардаанд...”-бо алам мегӯяд ӯ.
Хушбахтона, на пул насиби касе шуд, на кӯдак ба савдо рафт.
Ҷинояткоронро чӣ интизор аст?
Феълан ҷинояткорон – одамфурӯшон дар боздоштгоҳ ҳастанд, болояшон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Акнун шаҳрвандон Абдуллоева Сафина, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳамзисти ӯ Даминов Тоҷиддин, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва писарамаки Даминов – Сафаров Абдулҳамид, соли таваллудаш 1979, бо иттиҳоми даст доштан дар ҷинояти харидуфурӯши кӯдак равонаи зиндон хоҳанд шуд.
Онҳо бар асоси моддаи 167-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор дониста мешаванд ва онҳоро аз 5 то 8 соли зиндон интизор аст.