35 years of independency
Чаро пӯст дар тобистон зудтар пир мешавад?
05.09.2026
Oila.tj
33

 

Аксарият гумон мекунанд, ки пиршавии пӯст танҳо ба синну сол вобаста аст. Дар асл, ба ин раванд тарзи зиндагӣ низ таъсири зиёд мерасонад. Тамокукашӣ, истеъмоли аз ҳад зиёди нӯшокиҳои спиртӣ, ғизои нодуруст, камҳаракатӣ ва пеш аз ҳама, беэътиноӣ ба муҳофизати пӯст аз офтоб метавонанд пиршавии онро тезонанд.

Пиршавии бармаҳали пӯст дар натиҷаи таъсири дарозмуддати нурҳои ултрабунафшро пиршавӣ аз офтоб меноманд. Баръакси пиршавии табиӣ, ки асосан ба синну сол ва омилҳои ирсӣ вобаста аст, пиршавӣ аз таъсири офтоб натиҷаи осеби солҳо ҷамъшудаи нурҳои офтоб ба ҳуҷайраҳои пӯст мебошад.

Дар ин раванд нурҳои ултрабунафш нақши муҳим доранд. Нурҳои офтоб ба қабатҳои амиқи пӯст ворид шуда, ба нахҳои коллаген ва эластин осеб мерасонанд. Коллаген ва эластин сафедаҳои муҳим буда, барои зичӣ, устуворӣ ва чандирии пӯст масъуланд.

Нурҳои ултрабунафш дар пӯст радикалҳои озодро зиёд мекунанд. Ин молекулаҳои фаъол метавонанд ба ҳуҷайраҳо, ДНК ва сохторҳои сафедавии пӯст зарар расонанд. Ҳамзамон, фаъолияти ферментҳое зиёд мешавад, ки коллагенро вайрон мекунанд. Дар натиҷа, пӯст тадриҷан зичӣ ва чандирии худро аз даст дода, ҳассостар мешавад.

Ба ин раванд илтиҳоби музмини пӯст низ таъсир мерасонад. Ҳатто бе сӯхтани пӯст, таъсири ҳаррӯзаи офтоб метавонад илтиҳоби сустро ба вуҷуд оварад. Агар ин ҳолат солҳои зиёд идома ёбад, вайроншавии коллаген, эластин ва кислотаи гиалуронӣ суръат мегирад.

Нишонаҳои аввалини пиршавии пӯст на ҳамеша ожанг мебошанд. Аввал пӯст метавонад тобиш ва устувории худро аз даст диҳад, ранги рӯй хира шавад, рагҳои майда намоён гарданд, доғҳои пигментӣ ва ноҳамвории сатҳи пӯст пайдо шаванд. Баъдтар ожангҳои амиқтар ва дигар нишонаҳои пиршавӣ ба вуҷуд меоянд.

Таъсири офтоб хусусияти ҷамъшаванда дорад. Яъне пӯст осеби аз офтоб гирифтаашро тадриҷан ҷамъ мекунад ва оқибатҳои он метавонанд баъд аз солҳои зиёд зоҳир шаванд. Аз ин рӯ, муҳофизат аз офтоб бояд на танҳо ҳангоми истироҳат, балки дар ҳаёти ҳаррӯза низ риоя карда шавад.

Дар нигоҳубини субҳгоҳӣ истифодаи антиоксидантҳо, аз ҷумла витамини С тавсия мешавад. Он барои безарар гардондани радикалҳои озод, ки дар натиҷаи таъсири нурҳои ултрабунафш пайдо мешаванд, мусоидат карда, дар ҳосилшавии коллаген низ иштирок мекунад.

Шабона дар нигоҳубини пӯст метавон аз ретиноидҳо, яъне витамини А, истифода бурд. Он фаъолияти ҳуҷайраҳоеро, ки коллаген, эластин ва кислотаи гиалуронӣ ҳосил мекунанд, ҳавасманд месозанд. Ретиноидҳо метавонанд ожангҳои майдаро кам намуда, зичӣ ва ҳамвории пӯстро беҳтар кунанд. Истифодаи онҳоро бояд тадриҷан оғоз кард, то пӯст ба ин моддаҳо мутобиқ шавад.

Ҳангоми пайдо шудани доғҳои пигментӣ дар маҳсулоти нигоҳубин метавон аз ниацинамид, кислотаи азелаинӣ, кислотаи транексамӣ ва арбутин истифода бурд. Ин моддаҳо ба танзими ҳосилшавии меланин ва коҳиш додани эҳтимоли пайдоиши доғҳои нав мусоидат мекунанд.

Аммо муҳимтарин воситаи пешгирии фотопиршавӣ креми муҳофизатӣ аз офтоб мебошад. Мутахассисон истифодаи ҳаррӯзаи воситаи дорои SPF 30–50 ва муҳофизат аз нурҳои UVA ва UVB-ро тавсия медиҳанд. Ҳатто маҳсулоти беҳтарини нигоҳубин наметавонанд зарари доимии нурҳои ултрабунафшро пурра ҷуброн кунанд.

Ғизои дуруст низ дар нигоҳ доштани ҷавонии пӯст аҳамияти калон дорад. Барои ҳосил кардани коллаген ба организм сафеда, витамини С, оҳан, мис, руҳ ва дигар моддаҳои ғизоӣ заруранд. Кислотаҳои равғании омега-3 низ метавонанд ба паст шудани илтиҳоби музмин ва нигоҳ доштани саломатии ҳуҷайраҳо мусоидат кунанд.

Баъзе усулҳои косметологӣ метавонанд ожангҳоро қисман ҳамвор кунанд. Аз ҷумла, барои ҳавасманд кардани ҳосилшавии коллаген усулҳои махсуси косметологӣ, технологияҳои лазерӣ, фототерапия ва дигар равишҳо истифода мешаванд. Барои кам кардани доғҳои пигментӣ низ баъзе аз ин усулҳо самаранок мебошанд.

Пӯстро пурра ба ҳолати ҷавонии бистсолагӣ баргардондан ғайриимкон аст, аммо раванди пиршавиро метавон суст кард ва баъзе тағйироти ба вуҷудомадаро коҳиш дод. Барои ин ба ҷои ҷустуҷӯи «креми мӯъҷизавӣ» муносибати ҳамаҷониба зарур аст: муҳофизати мунтазам аз офтоб, нигоҳубини дурусти пӯст, ғизои солим, тарзи ҳаёти мувофиқ ва дар ҳолати зарурӣ истифодаи усулҳои муосири косметологӣ.

Муҳимтар аз ҳама, чунин нигоҳубинро ҳар чӣ барвақттар оғоз кардан аст. Ҳифзи пӯст аз нурҳои ултрабунафш ва нигоҳубини дуруст ба он имкон медиҳанд, ки ҷавонӣ, намуди солим ва қобилияти барқароршавии худро муддати дарозтар нигоҳ дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД