Фотима (р) пораи ноне дар даст дошт, ба назди Расулаллоҳ (с) омад, Расулаллоҳ (с) гуфт: Ин чист? Фотима гуфт: − Як қурс нон пухта будам, бе ту натавонистам хӯрд, Расули Худо (с) гуфт: Аз се рӯз боз ин аввалин таомест, ки андар даҳони падари ту хоҳад расид. Абуҳурайра (р) мегӯяд, ки „Андар хонаи Расули Худо (с) ҳаргиз се рӯз, яъне, пайи ҳам нони гандумӣ нахӯрдаам”.
Бояд тазаккур дод, ки фазли гуруснагӣ на аз он аст, ки андар вай ранҷу машаққат аст, чунонки фазли дору на он аст, ки талх аст, балки андар гуруснагӣ даҳ фоида мавҷуд аст.
Фоидаи аввали гуруснагӣ он аст, ки дил софу равшан гардонад ва серӣ мардумро кӯрдилу кундандеша кунад ва бархе аз меъда бар димоғ барояд, ки мардумро гиҷу гаранг кунад, то андеша парешон шавад. Маҳз ба хотири ҳамин Расули Худо (с) мегӯянд: “Дилҳои хешро зинда гардонед ба андак хандидан ва пок гардонед ба гуруснагӣ, то ин ки софу нарм шавад.” Шиблӣ (р) гуфт: “Ҳеҷ рӯз гурусна нанишастем барои Худо, ки на андар дили хеш ҳикмате ва ибрате ёфтам тоза.” Ва Расули Худо (с) гуфтанд: “Сер махўред, ки нури маърифат андар дили шумо кушта шавад, яъне хомӯш гардад. Пас, модоме, ки маърифат роҳи биҳишт аст, гурусна будан, дари биҳишт задан аст.
Пурхӯрӣ ба дӯзах мебарад?
Бояд тазаккур дод, ки хушдилию сармастӣ ва ғафлат дарвозаи дӯзах аст ва шикастагию бечорагӣ даргоҳи биҳишт аст. Бешак серӣ хушдилӣ ба ғафлат оварда, вале гуруснагӣ оҷизию шикастагиро ба бор меоварад. Манфиати дигари гуруснагӣ ин аст, ки агар инсон сер бошад, гуруснагонро фаромӯш мекунад ва бар халқи Худо шафқат намебарад ва азоби охират фаромӯш мекунад ва чун гурусна бувад, аз гуруснагии аҳли дӯзах ёд меораду ташна мондан аз ташнагии аҳли қиёмат ёд меорад.
“Рӯза доред, то тандуруст шавед”.
Кам хуфтан асли ҳама ибодату муноҷот ва зикру фикр аст, хосса ба шаб. Ҳар касе ба серӣ ғизо хӯрад, хоб бар вай ғалаба кунад. Гуруснагӣ шахсро ба илм омӯхтан водор месозад. Чунки барои зиндагии хуб талош бар илм мекунад ва ба дастовардҳо ноил мешавад. Яке аз фоидаҳои кам хӯрдан тандуруст мондан аст. Яке аз ҳакимон гуфтааст, ки “Беҳтарин ва нофеътарин чизе, ки одам мехӯрад, анор аст ва бадтарин ғизо гӯшти хушк аст. Рафту хушки бештар хӯрад, барои рафъи зарари он бояд анор бештар истеъмол намояд. Дар ҷое фармудааст, ки “Рӯза доред, то тандуруст шавед”.
Оиша (р) мегӯяд, ки Расулуллоҳ (с) гуфт: „Пайваста дари биҳишт бикӯбед, то даратон боз кунанд”. Гуфтам: „Ё Расулаллоҳ, ба чӣ кӯбем? Гуфт: “Ба гуруснагӣ ва ташнагӣ”. Ҳамчунин Ӯ (р) мегӯяд, ки Пайғамбари Худо (с) ҳаргиз сер намехўрд ва маро бар вай раҳм меомад аз гуруснагӣ. Даст бар шиками вай ниҳодам ва гуфтам: Тани ман фидои ту бод, чӣ бошад агар аз дунё чандон бихӯрӣ, ки гурусна набошӣ? Гуфт: Ё Оиша! Улӯлазм аз пайғамбарон, бародарони ман аз пеш бирафтанд ва аз Ҳақ таъоло кароматҳо ёфтанд, тарсам, ки агар ман танаъум кунам, дараҷаи ман аз дараҷаи эшон камтар бошад. Рӯзаке чанд сабр кунам ба андаке, дӯсттар дорам аз он ки ҳаззи (баҳра) ман аз охират камтар бошад. Ва ҳеҷ чиз бар ман азизтар аз он нест, ки ба бародарони хеш расам”.
Пас, барои саломатии хешро нигоҳ доштан аз пурхӯрӣ даст кашед ва ба зиндагии Пайғамбар (с) пайравӣ кунед.
Ҳомидов Абдулвоҳид, мутахассиси Раёсати фатво