Formula novemver 2024
Чаро нархи ҷаримаҳои «Шаҳри бехатар» боло рафт?
367

Боло рафтани нархи ҷаримаҳои “Шаҳри бехатар” имрӯзҳо аксари ронандагонро ба ташвиш овардааст. Бисёриҳо мехоҳанд сабаби қиммат шудани арзиши ҷаримаҳои “Шаҳри бехатар”-ро барои намудҳои гуногуни вайронсозии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бидонанд.

Нархи ҷаримаҳо минбаъд арзонтар мешавад ё баръакс қиммат хоҳад шуд? Дар посух ба ин савол, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Аламшозода Абдураҳмон Алам зимни нишасти хабарӣ гуфт:

- Имрӯз дар тамоми кишварҳое, ки дар гирду атрофи мо ҳастанд, системаи назоратии “Шаҳри бехатар” амал мекунад. Дар байни ҳама давлатҳои Осиёи Марказӣ арзонтарин ҷаримаҳо дар Тоҷикистон аст. Болоравии арзиши ҷаримаҳо бошад, ба болоравии маоши ҳадди ақал вобастагӣ дорад. Ҳар қадар музди миёнаи меҳнат баландтар шавад, ҳамон андоза нархи ҷаримаҳо низ боло меравад.

Муовини вазири корҳои дохилӣ таъкид кард, ки барои ба ҷайби ронанда зарба назадани ҷаримаҳои “Шаҳри бехатар” ронандагон бояд эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон накунанд. Он гоҳ ҷарима супурдан низ лозим намеояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД