Падарро сутуни хонадон ва такягоҳи фарзандон меноманд, вале баъзе падарони бехирад ва ҷоҳиле ҳастанд, ки ба ҷойи муҳофизат кардан аз фарзандони худ, баръакс худашон балои ҷони фарзандон мегарданд.
Вазорати корҳои дохилии кишвар аз боздошти чунин як падари бераҳму сангдил хабар додааст, ки бо дасти худ духтари 11-солаашро ба таври ваҳшиёна ба қатл расонидааст...
Мадина Саидова ҳамагӣ 11-сол дошт ва ҳанӯз дар дуниёи кӯдакӣ бо орзуҳои ширин зиндагӣ мекард, вале ин духтарчаи фариштарӯй ба дасти падари золимаш ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида шуд...
“Чанд бор бо ғазаб дар пушташ задам, шумораашро намедонам...”- Ин суханони падари лозимест, ки фарзанди худашро бо як бераҳмии махсус ба қатл расонида, чи тавр куштани духтарчаи 11-солаашро дар дурбини камера нақл мекунад. Тавре ки аз гузориши ВКД бармеояд, Гурез Саидов, сокини 66-солаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рӯзи 28-уми октябр духтарчаи 11-солаашро бо чӯб ва тасма лабукӯб карда, ба ҳалокат расонидааст.
Мадина Саидова, ки ҳамагӣ 11 сол дошу ҳанӯз дар дуниёи кӯдакӣ бо орзуҳои ширин зиндагӣ мекард, бо гумони дуздии пул аз ҷониби падараш лату кӯб гашта, ҷароҳатҳои вазнин мебардорад ва ба ҳалокат мерасад. Гурез Саидов ба бемрие мубтало буда, барои табобати худ як миқдор маблағҷамъ карда будааст, вале рӯзи 28-октябр мебинад, ки пул нест. Вай аз духтарчаи 11-солааш, ки фарзанди хурдии ин оила будааст, гумонбар шуда, бо як бераҳмии махсус бо таёқ ва тасма Мадинаро мавриди лату кӯб қарор медиҳад. Духтарчаи ноболиғ дар натиҷаи лату кӯби ваҳшиёнаи падари сангдилаш ҷарҳатҳои вазнин бардошта, аз зарбаҳои марговари таёқ ва тасма ба ҳалокат мерасад. Гумонбаршаванда ин ҳодисаи муҳишро чунин нақл мекунад:
“Гуфтам, ки гап зан, пул дар куҷо аст, лекин гап назад. Хело пурсидам, чизе нагуфт. Баъд гуфтам, ки рафта тиёқро мебиёраму пойҳоятро зада мешиканам, гап зан. Гуфт, ки ба модарам додам. Модарашро даъват кардам, ки модараш гуфт ба ман надодааст. Баъд тиёқро овардаму дар китфҳояш задам...”
Корманди милитсия мепурсад, ки шояд дар ҳақиқат духатартон пулро нагирифта бошад. Дар ҷавоб гумонбаршаванда мегӯяд, ки охир гуфт гирифтам ва барои ҳамин қаҳарам зиёд шуду...
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз ҷои ҳодиса тасма ва тиёқеро, ки ин падари лозим бо он духтарчаашро зада-зада куштааст, ҳамчун далели шайъӣ пайдо карданд.
Тавре ки аз навор дида мешавад, дар натиҷаи задани сари духтарчаи 11-сола ба девор хун аз сари кӯдак фаввора зада, доғҳои хунин дар девор нақш бастаанд.
Айни замон аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Душанбе нисбати Гурез Саидов бо модаи 104, қисми 2, бандҳои В Е парвандаи ҷиноятӣ оғоз гашта, тафтишоти ин қазияи хунин идома дорад.