Чаро масъулини шабакаҳои барқ журналистонро “футбол” мекунанд?
Дар моҳи шарифи Рамазон реҷаи тақсимоти барқ ба аҳолӣ тағйир ёфтааст? Барои ба ин савол ҷавоб гирифтан субҳи имрӯз мо ба ширкати “Барқи тоҷик” занг задем, вале дар ҷавоб масъулини ин ниҳод гуфтанд, ин масъала ба “Шабақаҳои тақсимоти барқ” вобастагӣ дорад.
Пас аз ин мо бо Дӯстмурод Тоиров, Сардори Раёсати маркази диспечерии “Шабакаҳои интиқоли барқ” тамос гирифтем. Мавсуф рақамеро ба мо дода гуфтанд, ки барои ба саволамон посух гирифтан бо ин шахс дар тамос шавем, вале вақте ба рақамҳои додашуда занг задем, ба мо гуфтанд, ки барои маълумот гирифтан бояд ба диспетчер занг занем ва дубора ба мо рақаҳои Дӯстмурод Тоироваро доданд. Аммо ин дафъа занги мо бе ҷавоб монд.
Ҳайронем, ки чаро масъулини шабакаҳои барқ аз посух додан ба саволҳои журналистон худдорӣ намуда, хабарнигоронро ба қавли маъруф “футбол” мекунанд.
Бино ба иттилоъи дарёфтии сомона дар моҳи шарифи Рамазон реҷаи тақсимоти нерӯи барқ ба аҳолӣ тағйир ёфтааст. Акнун сокинони кишвар дар давоми як шабонарӯз 8 соат бояд бо барқ таъмин бошанд. Субҳ аз соати 3:30 то 7:30 ва шом аз соати 17:00 то 21:30.
Аҳолӣ то фарорасии моҳи шарифи Рамазон ҳудуди 6 соат бо барқ таъмин мешуданд, вале дар давраи рамазон ба мардум 2 соат бештар барқ дода мешавад.