arzon replenishment
Чаро мардҳо монеи кор кардани зан мегарданд?
2145

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократию дунявӣ буда, тибқи Конститутсия, қонуни меҳнат ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ занон ва мардон баробарҳуқуқ мебошанд, вале то ҳол мардоне ёфт мешаванд, ки монеи ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудан ва кор кардани ҳамсар, духтар ва хоҳарони худ мегарданд. Бо мақсади фаҳмидани сабаб ва омилҳои ин падида ҳафтаи равон мо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ назарпурсӣ гузаронидем.

20%-и пурсидашудагон дар шабакаи Инстаграм сабаби ба кор кардани занони оилаашон монеъ гаштани худро ба рашк нисбат додаанд, 37% бар он ақидаанд, ки вазифаи зан тарбияи фарзанд ва кори хона аст, на кори давлат. 14%-и мардон фикр мекунанд, ки зан коргар ва пулёб шавад, дигар шавҳарро писанд намекунад ва танҳо 20%-и иштирочиёни пурсиш ба кор кардани зан мухолиф набудани худро баён доштаанд.

Дар пурсише, ки мо тариқи шабакаи Телеграм гузаронидем, 11%-и иштирокчиён сабаби монеи кор кардани зан гаштани худро ба рашк алоқаманд намуда, 48% -и мардон вазифаи занро танҳо дар кадбонугӣ ва тарбияи фарзандон мебинанд. 12% бар он ақидаанд, ки зан коргар ва пулёб шавад, дигар ба шавҳар итоат намекунад. 29%-и иштирокчиёни ин пурсиш ба кор кардани зан розӣ будани худро изҳор доштаанд.

Мухолифати андешаҳо

Ин пурсишнома дар Фейсбук байни корбарон баҳсу мунозираҳои зиёдеро ба миён овард. Аз ҷумла Усмонҷон Маликов навиштааст:

“Зану мард якдигарфаҳмӣ кунанд, рӯзгорашон обод мешавад. Зан маълумоти олӣ дошта бошад, фарзандони ботарбия барои ҷамъият парвариш мекунад. Ман масалан розиям, ки зану шавҳар кор кунанд”.

Аммо корбари дигари ин шабака Аҳлиддин бар он назар аст, ки мард бояд кор карда, оиларо таъмин намояд, вазифаи зан бошад, тозагӣ ва тарбияи фарзандон аст.

“Ман фикр мекунам, ки шароити хонаамро муҳаё кунам, эҳтиёҷ ба кори занам нест дар берун. Зан дар хона ба тозагӣ ва тарбияи фарзанд бирасад, аз ин кори беҳтар нест барои зан”,- навиштааст Аҳлиддин.

Корбари дигари Фейсбук Аслиддин низ зидди кор кардани занон аст ва менависад: “Фикр мекунам, ки Абулқосим Фирдавсӣ нисбат ба мо хубтар мефаҳмид. Занонро бас аст ҳамин як ҳунар, ки дар хона нишинанду зоянд шерони нар!”.

Дар посух ба ин гуфтаҳо Умедҷон, корбари Фейсбук навиштааст: “Дуруст, ки Фирдавсии бузург чунин гуфта буд, аммо 1000 сол пеш. Замона дигар шуд, насл дигар шуд. Ҳоло бо маоши як мард зиндагӣ пеш намеравад”.

Дар ҳамин ҳол Алиҷон Сафаров, корбари дигари Фейсбук бо ҳайрат навиштааст: “Бисёр мардуми мо барои хондан ва кор кардани зану духтарони худ зид мебароянд, вале зану хоҳар ё духтарашон бемор шавад, ба беморхона рафта, духтури занро мекобад. Парадокс!“.

Шарҳи равоншинос

Равоншинос Ганҷина Салимова мегӯяд:

- Мардҳо аксар вақт сабаби мухолифати қатии худро ба кор кардани зан таҳлил намекунан, вале бештар рашки барзиёд, муҳити носолими оилавӣ ва гапи мардум ба ин боис мешавад. Аслан зиддият нишон додани шавҳар ба кор кардани зан ба худи зан рабт надорад, мард метавонад аз нобоварии худ ба ҳамсараш иҷозати кор кардан надиҳад. Сабаби дигари монеъшавии мардон ба кор кардани зан ин тарси ниҳонии мард аст. Мард фикр мекунад, ки зан муваффақ гашта, даромади бештар ба даст биёрад, дигар ба шавҳар итоат намекунад. Дар чунин ҳолатҳо, оила мушкилоти зиёди иқтисодӣ дошта бошад ҳам, мард ба кор кардани занаш иҷозат намедиҳад, зеро намехоҳад ҳокимияти худро нисбат ба зан аз даст диҳад.

Коршиносон чӣ мегӯянд?

Марҳабо Наимзода, коршиноси масоили гендерӣ аз Ташкилоти ҷамъиятии “Гендер ва тараққиёт” масъалаи мухолифати баъзе аз мардонро ба кор кардани зан дар Тоҷикистон таҳлил намуда, гуфт:

-Барои танзими масъалаҳои гендерӣ дар Тоҷикистон қонунҳои мушаххас қабул карда шудаанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз шумули чунин санадҳои ҳуқуқӣ мебошад. Мақсади асосии қонуни мазкур таъмини ҳимоя аз табъиз аз рӯи ҷинсият дар ҳама соҳаҳои ҳаёт аст. Гуфтан бамаврид аст, ки дар ҳар давру замон ҷомеа ба нақши зан ва саҳми вай дар рушди ҷомеа ниёз дорад. Имрӯз имконоти иштироки фаъоли занон дар тамоми бахшҳои иҷтимоию сиёсии кишварамон фароҳам оварда шудааст, вале иддае аз мардон ҳуқуқҳои бонувонро поймол намуда, монеъи бо фаъолияти меҳнатӣ машғул шудани занони хонадонашон мегарданд. Тибқи моддаи 35-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳуқуқ дорад, вале баъзе мардон намегузоранд, ки ҳамсар ё хоҳарашон дар ягон ҷо кор кунад. Вақте ки ҳамсар ба зан имконияти кор карданро намедиҳад, ин аллакай як шакли зӯроварии оилавӣ ва поймол намудани ҳуқуқҳои зан ба шумор меравад. Дар чунин ҳолат рӯҳафтодагӣ пайдо шуда, зан худро таҳқиршуда меҳисобад.

Коршинос мегӯяд, мутаассифона, қолабҳои шахшудаи гендерӣ то ба имрӯз дар ҷомеъаи мо вуҷуд доранд ва ба занон имкон намедиҳанд, ки таҳсилоти касбӣ ё олӣ гирифта, соҳиби касбу ҳунар гарданд ва дар ягон соҳа кор карда, даромади муайян ба даст оранд. Ҳолати мазкур вобастагии иқтисодии занро аз ҳамсар ва оилаи ӯ ба миён меорад. Зане, ки касбу ҳунар надорад, бештар вақт дар ҳолати қатъ гардидани муносибатҳои оилавӣ ва бекор кардани ақди никоҳ ба мушкилоти иқтисодӣ дучор мешавад. Алалхусус, вақте ки зан кӯдакони хурдсол дорад, мушкили мустақилона харида натавонистани маводи хӯрока, либос ва доруворӣ барои табобати кӯдак ба миён меояд. Дар чунин ҳолатҳо зан намедонад чӣ гуна худ ва фарзандонашро аз ҷиҳати моддӣ таъмин намояд.

Ба гуфти Наимзода, қолабҳои шахшудаи гендерӣ ба занон имкон намедиҳанд, ки аз вобастагии иқтисодии ҳамсар раҳоӣ ёбанд.

“Ба ҳамагон маълум аст, ки тибқи анъанаҳо ва қолабҳои шахшуда занон аз рӯзҳои аввали хонадорӣ бояд тартибот ва қоидаҳои хонаи ҳамсарро омӯзанд ва риоя намоянд, ба маҳдудиятҳо ва фишорҳои равонӣ итоат намоянд. Бо истифода аз ин қолабҳо ҳуқуқу манфиатҳои занро маҳдуд намуда, барои идомаи таҳсил, машғул шудан бо фаъолияти меҳнатӣ ва ба даст овардани музди муайян ва аз ҷиҳати моддӣ худро каме ҳам бошад, мустақил эҳсос намудани зан-келин монеъ мешаванд”,- мегӯяд Марҳабо Наимзода.

Дар идомаи суҳбат коршинос гуфт:

- Ҳамзамон, бояд ба назар гирифт, ки барои кор кардани занону духтарон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда, бехатарии онҳоро таъмин намудан лозим аст.

“Ба касбомӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандони бе касб, дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳотҳои дурдаст кушодани курсҳои омӯзиши компютерӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ, ороишгарӣ ва ғайра аз зумраи тадбирҳое мебошанд, ки барои ҷалби бештари занону духтарон ба меҳнат шароит фароҳам меоранд. Масусан, дар деҳот кушодани курсҳои кутоҳмуддат ва ҷалби занон барои машғул шудан ба ҳунарҳои мардумӣ ба манфиати кор буда, ба баланд шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намояд”,- мегӯяд Наимзода.

Зимни суҳбат коршинос таъкид кард, ки агар як сабаби монеъ гаштани мардон ба кор кардани бонувони хонадонашон анъанаҳои шахшуда бошанд, сабаби дигар на ҳамеша дастрас будани боғчаҳои бачагона аст.

“Бархе аз занон имкони равон кардани кӯдаконашонро ба боғча надоранд ё боғчаҳо аз манзили истиқоматиашон ниҳоят дур ҷойгир шудаанд. Мушкилоти дастрас набудани боғчаҳои бачагона монеъаи дигареро ба миён оварда, имкон намедиҳад, ки зан бо фаъолияти меҳнатӣ машғул шавад, зеро на ҳама вақт хушдоман ё дигар аъзоёни оила барои нигоҳубини кӯдак кӯмак карда метавонанд. Намехоҳанд ё вобаста ба вазъи саломатӣ ва пиронсолӣ наметавонанд. Таъмини дастрасӣ ба боғчаҳои ройгон, ҷойгиршавии мувофиқ барои махсусан гуруҳҳои осебпазири занон барои рафъи мушкилот кӯмак мекунад”.

Марҳабо Наимзода мегӯяд, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2023, №568 “Дар бораи Рӯйхати корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои занон дастӣ бардоштан ва кашонидани онҳо иҷозат дода мешавад” бо мақсади дастрасии васеи занону духтарон ба омӯзиши касбу ихтисосҳои ғайрианъанавӣ, фароҳамсозии шароити мусоид ва имконияти иловагӣ барои бо ҷойи кор таъмин шудани онҳо аз рӯи ин касбу ихтисосҳо, ба даст овардани музди меҳнати арзанда ва ба ин васила баланд бардоштани даромади оилаҳо қабул гардидааст. Тибқи қарори мазкур, номгӯи корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ шуда буд аз 336 то ба 194 номгӯ кам карда шуд. Ин имконияти иловагии бо кор таъмин гардидан, ба даст овардани музди меҳнати баланд ва беҳдошти шароити зиндагиро барои занону духтарон фароҳам меорад. Аз ин рӯ, дар ҷомеа занон баробари мардон ҳамқадам буданашон ба нафъи ҷомеа, оила ва ҳар фард аст.

Шаҳвар кор кардан намемонад, чӣ бояд кард?

Равоншинос Ганҷина Салимова ба занҳое, ки шавҳар, падар, бародар ё мардони дигари хонаводаашон иҷозати кор кардан намедиҳад, чунин маслиҳат медиҳад:

- Сараввал зан бояд дарк кунад, ки ӯ шахсияти мустақил аст. Агар шумо муносибати мутаносиб ва устувар дошта бошед, пас як сӯҳбати ошкоро, ки дар он мавқеи худро шарҳ медиҳед ва мегӯед, ки то чи андоза шахсияти комил будан барои шумо муҳим ва зарур аст, кофӣ аст, ки назари мард дигаргун шавад. Шавҳар бояд дарк кунад, ки зан ҳангоми ба кор рафтан низ аз муҳаббати ӯ даст намекашад, баръакс, ин ба манфиати оила буда, муносибати шумо боз ҳам мустаҳкамтар мегардад, зеро барои суҳбат мавзуҳои нав пайдо мекунед. Илова бар ин, фахр кардан аз зане, ки дар соҳаи касбии худ муваффақиятро ба даст меорад, барои мард гуворо аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД