Ҳамасола иммунизатсия дар ҷаҳон аз 2 то 3 миллион ҳаётро наҷот медиҳад. Яке аз ваксинаҳои муҳим барои саломатии инсон бар зидди бемории сил – БСЖ мебошад, ки дар Тақвими миллии иммунизатсия ҷой дорад ва ҳанӯз замони дар таваллудхона будани кӯдак гузаронида мешавад.
Солҳои аввали ҳаёт дар баробари БСЖ боз 10 номгӯйи ваксинаҳо бар зидди 12 бемории сироятӣ: сил, фалаҷ, гепатити b, кабудсулфа, гулӯзиндонак, кузоз, сирояти гемофилии шакли b, сирояти ротавирусӣ, сирояти пневмококкӣ, сурхча, гулафшон, баногӯшак гузаронида мешавад. Ин ваксинаҳо дар тӯли зиндагӣ бадани инсонро бо эҳтимоли зиёд аз гирифторӣ ба ангезандаҳои бемориҳои мазкур нигоҳ медорад.
Чаро таъсиргузор будани ваксинаи БСЖ баъд аз як солагӣ камтар аст? Гузаронидани ваксинаи БСЖ дар давоми ҳаёт инсонро то кадом андоза аз гирифторшавӣ ба бемории сил ҳимоя мекунад? Саида Бобоназарова, мудири шуъбаи баҳодиҳӣ ва мониторинги Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика", духтур-эпидемиолог ба ин ва дигар саволҳои вобаста ба мавзуъ посух гуфтанд, ки пешниҳоди хонандагони Oila.tj мешавад:
- БСЖ чӣ гуна ваксина аст ва барои чӣ гузаронида мешавад?
- БСЖ ваксинаи зинда буда, барои пешгирии бемории сил гузаронида мешавад. Ин ваксина дар давоми аз 3 то 5 шабонарӯзи баъд аз таваллуд, яъне замони дар таваллудхона будани тифл гузаронида мешавад.
- То чанд солагӣ ваксинаи БСЖ-ро гузаронидан муфид аст?
- Агар он дар давоми аз 3 то 5 шабонарӯзи муайяншуда гирифта нашавад, бояд то синни 1-солагӣ ваксинаи БСЖ ба кӯдак гузаронида шавад.
- Ваксинаи БСЖ чӣ оризаҳо дорад?
- Ҳарчанд он ваксинаи зинда аст, аммо ягон ориза надорад. Дар ҳолате, ки дуруст нигаҳдорӣ шуда, аз тарафи кормандони тиб (ваксинаторҳо) дуруст истифода шавад, ягон оризаи ҷиддӣ надорад.
- Пас аз гузаронидани ваксина ҷойи сӯзан дар меъёр чӣ гуна мешавад?
- Тарзи дуруст ворид кардани ваксина дохили пӯст аст. Дар ҷойи ваксина воридшуда як варами хурд пайдо мешавад, ки ба русӣ «лимонная корочка» (пӯсти лиму) мегӯянд. Чунин ҳолат аз 3 то 5 рӯз дида мешавад. Баъд аз он ба ярача табдил меёбад, ки дар ин ҳолат ягон малҳам молидан ва ба об расонидан тавсия дода намешавад. Ин ҳолат рафта- рафта дур мешавад ва дар ҷойи ярача из, яъне пай мемонад. Чунин из дар бадани ҳар як нафаре, ки дар кӯдакӣ ваксинаи БСЖ-ро гирифта бошад, дида мешавад.
- Агар баъд аз яксолагӣ ваксинаи БСЖ гузаронида шавад, эҳтимоли пешгирии бемории сил вуҷуд дорад ё не?
- Чӣ қадаре кӯдак ваксинаро дертар гирад, яъне волидон кӯшиш накунанд, ки ба фарзандашон саривақт ваксина гузаронанд, ҳамон андоза омил ва хатари гирифторшавӣ ба беморӣ зиёд аст. Ба хотири он ки хатари зиёди гирифторшавии кӯдак ба беморӣ вуҷуд дорад, ваксинаи БСЖ-ро дар таваллудхона гирифтан муфид аст.
- Ваксинаи БСЖ бадани инсонро то чанд фоиз аз гирифторӣ ба бемории сил нигоҳ медорад?
- Баъд аз гузаронидани ваксина масунияти бадан то 98 фоиз коркард мешавад, ки шахсро дар давоми ҳаёт аз гирифторшавии бемории сил пешгирӣ мекунад.
М. ДАВЛАТ, хабарнигор