Arzon march 2024
Чаро ҷинси латиф ҷиноят мекунанд?
454

Дар тӯли шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 24 ҳодисаи куштор сар зада, ҳамзамон 34 ҷинояти савдои одамон ошкор карда шудааст. Дар ин бора Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии ҷумҳурӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Тамоми ҷиноятҳои куштор аз ҷониби кормандони мақомоти тафтишотӣ ошкор карда шуда, қотилон дарёфт ва парвандаҳои ҷиноӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудаанд.

Дар робита ба ошкорсозии ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон масъулини прокуратураи генералӣ гуфтанд, ин ҷиноятҳо асосан нисбати бонувон содир карда шудаанд.

“Занону духтаронро бо мақсади ҷалб намудан ба танфурӯшию фоҳишагӣ ба кишварҳои хориҷӣ, асосан ба Туркия ва Арабистон мебурдаанд. Ин ҳодисаҳо пештар содир шудаанд, вале баъди ба Ватан баргаштан занону духтарони фиребхӯрда аз рӯйи шахсоне, ки онҳоро бо макру ҳилла ба хориҷи кишвар бурда, ҳамчун ғуломи шаҳвонӣ фурӯхтаанд, шикоят карданд ва нисбати ин афрод барои машғул шудан бо савдои одамон парвандаҳои ҷиноятӣ кушода шуданд “, - мегӯянд масъулини прокуратура.

Дар робита ба ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни занон ва зӯроварӣ дар оила масъулини Прокуратураи генералии Тоҷикистон гуфтанд, дар давраи ҳисоботӣ ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила ва даст ба ҷиноят задани намояндагони ҷинси латиф низ ба қайд гирифта шудаанд. Таассуфовар аст, ки занону духтарон бештар ба ҷинояти қаллоб даст мезананд.

Дар маҷмӯъ дар нимсолаи аввали соли 2023 дар ҷумҳурӣ 11612 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Муфаттишони прокуратура тафтишоти 2291 парвандаи ҷиноиро ба итмом расониданиданд ва 2177 парванда ба суд ирсол карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД