Sebiston new 2024 october
Чаро духтари 15-сола даст ба худкушӣ зад?
1383


Як духтараки 15-солаи сокини ноҳияи Зафарободи Вилояти Суғд рӯзи 21-уми август қасди худкушӣ худро дар оғилхонаашон ба дор овехтааст.

Худованд ба ҷони ҷавонаш раҳм карда, аҳли хонавода сари вақт аз ин амали фарзандашон хабардор мешаванд ва зуд ресмонро бурида, ӯро аз ҳалқаи дор халос мекунанд, вале...

Наздиконаш духтараки дар дами марг қарор доштаро ба беморхона бурдаанд ва муддати ду ҳафта ӯ дар шӯъбаи эҳёгарии Беморхонаи маркази ноҳияи Зафаробод таҳти табобат ва назорати ҷиддӣ қарор дошт. Ба тибибон муяссар гашт, ки ҷонашр аз панҷаи марг наҷот диҳанд, аммо бар асари ин ҳодиса духтарак хотираашро ба пуррагӣ аз даст додааст.

Ӯро 7 рӯз пеш аз беморхона ҷавоб дода бошад ҳам, то ҳол хотирааш барқарор нагашта, ҳатто наздиконашро намешиносад.
Сабаби даст ба худкушӣ задани духтари ноболиғ ҳанӯз маълум нест. Фақат ҳаимн қадараш маълум аст, ки ҳодиса рӯзи 21-уми август сар зада, духтарак дар оғили ҳавлиашон худро ба дор овехтааст, аммо аҳли хонавода хабардор шуда, ресмонро бурида, ӯро наҷот додаанд. Вақте ки духтаракро ба беморхона бурданд, тамоман бе ҳушу беёд буда, танҳо рамақе аз ҷон дошту халос.

                        Сардухтур:
               Бемор 6 рӯз нафаси сунъӣ гирифт
Барои аз вазъи саломатии Д. Огоҳ шудан бо сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Зафаробод Файзалӣ Кучаков тамос гирифтем. Номбурда гуфт:
-Бемор Д. С таваллудаш 8-уми январи соли 2007, санаи 21-уми август, соати 11:35 дақиқа ба беморхона оварда шуд. Вақте беморро оварданд, дар ҳолати вазнин қарор дошт ва беҳуш буд. Давоми шаши аввал фақат бо кӯмаки асбаби нафасдиҳии сунъӣ нафас мекашид, баъдан ҳолаш рӯ ба беҳбудӣ оварда, 11-12 рӯзи дигар дар беморхона буданаш худаш мустақилона нафас мекашид, аммо ба худ омада бошад ҳам, касеро то ҳол намешиносад. Дар натиҷаи маҳкам шудани роҳи нафас оксиген нарафта, майнаи сараш варам кардааст. Варами майнаи сар гардад, баъд наздиконашро мешиносад...
Дар посух ба саволи мо дар ораи он ки табобати ин духтарак чанд вақт тул мекашад, Кучаков гуфт:
-Инро табобати ундувидуалӣ мегӯянд ва ҳамааш аз организми худи бемор вобастагӣ дорад. Ҳар қадар организмаш бақувват бошад, ҳамон қадар тезтар шифо меёбад. .
Чаро дар Суғд мактаббачаҳо худкушӣ мекунанд?
Афзоиши ҳодисаҳои худкушӣ ва қасди худкушӣ байни хонандагони мактаби миёна дар Вилояти Суғд бисёр нигаронкунанда аст. Имсол дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят байни хонандагон ҳам ҷинояткорӣ ва ҳам суйқасди худкушию худкушӣ зиёд шудааст. Бино ба гуфти сардори Раёсати маорифи Вилояти Суғд Мадина Набизода дар шаш мҳи соли равон 16 нафар ноболиғон худкушӣ ва суйқасди худкушӣ кардаанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 ҳодиса зиёд мебошад. Чунин ҳодисаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан-4 ҳолат, Деваштич ва Ҷаббор Расулов-3 нафарӣ, Бобоҷон Ғафуров-2 ва Гулистон, Зафаробод, Конибодому Мастчоҳ –якнафарӣ ба қайд гирифта шудааст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД