Gazrpom april 2025
Чаро дар фасли баҳор пӯсти пойи занону духтарон мекафад?
19.04.2025
НОДИРА
481

Бо гарм шудани ҳаво ва пӯшидани пойафзолҳои кушода, бисёре аз бонувон аз дағал ва сахт шудани пӯсти пошнаи пой шикоят мекунанд. Агар қисми зиёди бадани инсон аз чор қабат пӯст иборат бошад, пас пӯсти пой дорои панҷ қабат буда, аз ин сабаб ғафстар менамояд.

Тарқиши пошнаҳо асосан зери таъсири омилҳои беруна, монанди тағйири иқлим, намнокии аз ҳад зиёд, ё хушк мондани пӯст ба вуҷуд меояд. Бояд гуфт, ки вазни бадан ба пойҳо фишор меорад, аз ин рӯ, пошна бештар дучори кафидан мегардад. Инчунин, як қатор бемориҳо ҳам, сабаби кафидани пошнаи пой мегарданд.

Сабаб дар ирсият аст?

Фасли гармо шароити мусоид барои ин мушкилӣ фароҳам меорад, зеро дар ин давра бештар пойафзоли кушода истифода мешавад. Ҳамчунин, баъзеҳо ирсӣ пӯсти ғафси пошна доранд ва ин боиси пайдоиши тарқишҳои чуқур мегардад. Дар баъзе ҳолатҳо, ин мушкил метавонад нишонаи бемориҳои пӯст, ба мисли псориаз бошад.

Пойафзоли танг напӯшед!

Бактерияҳо ва замбурӯғҳо метавонанд яклухтии пӯстро вайрон кунанд. Илова бар ин, бемориҳое мисли диабети қанд, бемории қалб, норасоии йод, синк, селен ва мушкилоти ғадуди сипаршакл, бемориҳои системаи ҳозима ва узвҳои дохилӣ низ, метавонанд сабаби пайдоиши ин ҳолат гарданд. Пӯшидани пойафзоли танг, ё аз чарми сунъӣ низ, ба пайдоиши мушкилот мусоидат мекунад.

Кадом витаминҳо намерасанд?

Норасоии витаминҳои А ва Е низ, дар ин раванд нақши муҳим доранд, зеро онҳо чандирӣ ва нармии пӯстро таъмин мекунанд. Ин витаминҳоро метавон аз сабзӣ, каду, ҷигар, тухм, шир, моҳӣ ва чормағз ба даст овард, ё ба шакли ҳаб аз дорухона дастрас кард.

Гап дар синну сол аст?

Занони синни 45-50-сола бештар ба ин ҳолат дучор мешаванд. Тағйироти синнусолӣ ва гормонӣ чандирии пӯстро коҳиш медиҳад, ки боиси сахт ва кафидани пӯсти пошна мегардад. Дар чунин ҳолат машварат бо духтури дерматолог, гастроинтеролог ва гинеколог тавсия мешавад.

Гарчанде тадқиқоти илмии кофӣ дар ин самт анҷом нашудааст, таҷриба нишон медиҳад, ки шумораи зиёди бонувон бо ин мушкил ба духтур муроҷиат мекунанд. Баъди ташхис, мутахассисон муолиҷаи мувофиқро пешниҳод мекунанд.

Илтиҳобро пешгирӣ намоед!

Тарқишҳои пошна метавонанд амиқ шуда, боиси дард, хунравӣ ва ҳатто илтиҳоб гарданд. Ин ҳолат ба ҳолати равонӣ таъсир расонида, асабониятро афзоиш медиҳад.

Барои пешгирӣ ва муолиҷа, дар як зарф 1,5 – 2 литр оби ширгарм гирифта, ба он каме намак ё сода илова кунед. Пойҳоро ба муддати 15 – 20 дақиқа дар он нигоҳ дошта, баъд бо малҳами нармкунанда пошнаҳоро молед. Шаб пеш аз хоб ба кафи пой ва пошнаҳо молидани равғани кастор, ё глисерин аз кафидану хушк шудани пойҳо пешгирӣ мекунад. Инчунин, истифодаи малҳамҳои дорои мочевина ба ин мушкилоти шумо давобахш аст.

НОДИРА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД