Каме ба хоб моил гаштан баъд аз истеъмоли хӯрок аксуламали муътадили физиологии ҷисм аст. Баъди ғизо хун ба меъдаву узвҳои ҳозима равона гардида, гардиши хун дар майнаи сар камтар мегардад, ки бар асари норасоии оксиген камқувватӣ сар мезанад.
Ҳамзамон баъд аз хӯрок сатҳи ҳормони серотонин ва мелатонин зиёд гашта, дар натиҷа хоҳиши хоб рафтан бештар мегардад.
Ба хоб моил шудан баъди хӯрок дар нафароне дида мешавад, ки аз бехобӣ азият мекашанд ё хастагии сахт доранд. Дар сурати дуруст тарҳрезӣ намудани реҷаи рӯз хоболудӣ худ ба худ рафъ мегардад.
Сахт хоболуд шудан бо маҳсулоте вобастагӣ дорад, ки инсон истеъмол мекунад. Истеъмоли хӯрокҳои серғизо, равғанину хамирӣ, қандинаву самбӯсаҳо боиси хоболудии сахт мегардад. Нӯшидани машрубот низ боиси хоболудӣ мегардад. Хоболудӣ метавонад бар асари паст гаштани кори ғадуди сипаршакл сар занад.
Агар шумо аз хоболудӣ азият мекашида бошед, бештар об нӯшед ва дар ҳавои тоза сайругашт намоед. Нафарони калонсолро лозим аст, ки баъди хӯрокхӯрӣ 40-60 дақиқа хоб раванд.