Қудокушӣ-дарди нави ҷомеаи тоҷик?
Занкушию шавҳаркушӣ солҳои охир ба дарди бедавои ҷомеаи мо табдил ёфта буд, акнун ба болои он боз як дарди дигар зам шуд, ки он қудокушӣ мебошад...
Хушунату зӯроварӣ дар оила аксаран оқибатҳои нохушро ба бор оварда, боиси сар задани ҳар гуна фалокат ва ҳодисаҳои даҳшатбор мегардад. Дар сари қаҳру ғазаб ба ҳамдигар бо корд ва табару каланд ҳамла кардани хешу табори наздик ва ҳатто аъзоёни як хонавода аз зумраи чунин дардҳои бедавост.
Аз дашном то куштор
Пештар, агар дар ягон оилаи ҷавон нофаҳмӣ ба вуҷуд ояд, калонсолон кӯшиш мекарданд, ки бо роҳи панду насиҳат додан ба ҷавонон масъаларо ҳал кунанд, вале солҳои охир ин анъанаи неки тоҷикона аз байн рафта, акнун ба дашному ҳақорат ва мушту лагад бо корду табар ҷавоб медиҳанд. Аз ин ҷост, ки солҳои охир кушторҳои хонаводагӣ дар кишварамон рӯ ба афзоиш ниҳодаанд. Вазорати умури дохилӣ аз сар задани боз як ҷинояти куштор дар пояи моҷари хонаводагӣ ва хушунату хусумат хабар додааст.
Фоҷиаи хунин дар кӯҳистони Айнӣ
Ин ҳодисаи хунин дар деҳаи Саратоғи ноҳияи Айнӣ сар зада, сокини 55-солаи ин деҳаи кӯҳӣ бо иттиҳоми куштори бераҳмонаи қудояш дастгир шудааст. Аюб Яъқубов дар куштори хушдомани духтараш муттаҳам дониста мешавад. Аюб Яъқубов ва маҳрум Розия Холова хешу табор буда, бо мақсади мустаҳкамтар кардани риштаи хешутаборӣ тақдири фарзандони худро бо ҳамдигар пайваста будаанд, вале никоҳи хешу таборӣ ба ҷойи бахт ба ин оила танҳо бадбахтӣ ва фалокату мусибат овард.
Амакбача-бародар ё душмани ҷон?!
Аюб ва Розия ба ҳамдигар натанҳо хешу табор, балки мисли хоҳару бародар буданд. Онҳо амакбача ва бар замми ин, Розия хоҳари зани Аюб будааст. “Девор афтад ҳам ба тарафи худамон афтад” гуфта, онҳо бо сад умеду орзу фарзандонашонро бо ҳам хонадор кардаанд, вале никоҳи хешу таборӣ нафақат ба ҷавонон бахту саодат наовард, балки волидони онҳоро низ ба ҳамдигар душман гардонд.
Талоқ ё ҳукми қатл?
Арӯсу домод хешу табори наздик бошанд ҳам, дар зиндагӣ ҳеҷ бо ҳамдигар забон ёфта натавонистанд. Байни ду ҷавон нофаҳмиҳои зиёде сар зада, билохира писари Розия талоқи духтари Аюбро дод ва бо ҳамин дар байни ду хонаводае, ки робитаи хеле наздики хешу таборӣ доштанд, хусумату бадбинӣ ба миён омад. Аюб барои бахти сиёҳи духтараш дарун ба дарун сӯхта, мисли гурги захмин мехост домоди бевафояшро якҷо бо волидонаш пора-пора созад, вале дарду аламҳояшро мардона дар қаъри дилаш пинҳон карда, қасдашро аз маю шароб мегирифт...
Меҳмон ё Азроил?
Бино ба маълумоти масъулини РАВД ҶТ дар вилояти Суғд пагоҳии рӯзи 14-уми июн, тақрибан соатҳои 8:00 ва ё 8:30 Аюб Яъқубов дар ҳолати мастӣ ба хонаи амакдухтар ва собиқ қудояш Розия Холоваи 59-сола меояд. Зан ғофил аз нияти бади меҳмони нохонда падари собиқ келинашро бо чеҳраи кушода пешвоз мегирад, зеро онҳо дигар қудо набошанд ҳам, хешу табори наздик буданд, аммо...
Баробари салом кардан Аюб мисли гурги ваҳшию гуруснае, ки сайдашро ғофилгир месозад, ба хушдомани духтараш ҳамла карда,ба қафаси синаи Розия корд мезанад. Зан аз захми корд печутоб хӯрда, ба замин меафтад. Амакбачааш бо чашмони хунгирифта, дубора ба Розия ҳамла карда, корди дуюмро ба тухтапушти зан мезанад. Корди сеюмро чи тавр ва ба куҷои қудояш зад, Аюб тамоман дар ёд надорад, аммо ба гуфти масъулини мақомоти милитсияи Вилояти Суғд Аюб Яъқубов се кордро ба қафаси сина, тахтапушт ва шиками марҳум зада аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.
Розия Холова аз зарби се корди хурдааш дар роҳ ба сӯйи беморхона ба ҳалокат расидааст.
Анъанаҳои фалокатовар
Ёдовар мешавем, ки бештар дар минтақаҳои кӯҳӣ барои мустаҳкамтар шудани риштаи хешовандӣ ҷавононро бо хешу табори наздикашон оиладор мекунанд. Албатта ҳадафи волидон аз никоҳи хешу таборӣ пойдор нигоҳ доштани риштаи авлодӣ аст, вале ба ҷойи бахт аксаран чунин никоҳҳо ба ҷавонон бадбахтӣ оварда, боиси сар задани хусумату бадбинӣ дар байни қудоҳо мегардад. Баъди баромадани қонун дар бораи манъи никоҳи хешовандӣ ин падида як андозае коҳиш ёфт, вале то ҳол оилаҳое ҳастанд, ки фарзандонашонро зӯран бо хешу табори наздик хонадор мекунанд. Ҳодисаи хунине, ки дар ноҳияи Айнӣ рӯй дод, делали равшани оқибатҳои ногувори никоҳи хешу таборист. Розия ва Аюб амакбачаю амакдухтар ва мисли хоҳару бародар буданд, вале бубинед, ки ба хотири фарзандаш ин марди 55-солаи кӯҳистонӣ даст ба ҷинояти вазнини одамкушӣ зада, занеро, ки барояш мисли хоҳар буд, ваҳшиёна ба ҳалокат расонидааст. Қудоӣ бо хунрезӣ ва ба зери хоки сард рафтани Розияву сабт шудани доғи сиёҳи қотил дар дафтари аъмоли амакбачааш Аюб анҷом ёфт.
Қудокушро чӣ интизор аст?
Айни замон нисбати Аюб Яъқубови 55-сола бо моддаи 104-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон (одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафтишоти ин қазия идома дорад. Дар сурати исбот шудани гуноҳаш ба Аюб Яъқубов на камтар аз 10-соли зиндон таҳдид менамояд, вале бадтар аз ҳама доғи сиёҳи бадномист, ки абадан дар китоби зиндагии ин авлод сабт шуд, зеро акнун аз Аюб танҳо ҳамчун қотил ёд хоҳанд кард....
Фарзона Муродӣ