Шумораи гирифторони диабети қанд сол ба сол афзоиш ёфта истодааст. Тавре ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ иттилоъ додааст диабети қанд дараҷаи фавти аҳолиро 2-3 баробар афзоиш дода, давомнокии умрро кӯтоҳ мекунад. Ҳамасола афзоиш ёфтани шумораи беморон, махсусан диабети навъи 2, ки 85 фисади ҳолатро ташкил медиҳад, мутахассисони соҳаро нигарон кардааст.
Вақтҳои охир шумораи гирифторони бемории диабети қанд миёни ҷавонон хеле зиёд шудааст. Тавре ки диетолог-эндокринолог Александр Семенов гуфт, аксарият гумон мекунанд, ки қанд танҳо дар таркиби торту қандина ва дигар шириниҳо вуҷуд дорад, аммо ин тавр нест. Қанд дар таркиби тамоми маҳсулоти коркардшуда ва ҳатто он хӯрданиҳое, ки баъди истеъмолаш даҳон ширин мешавад, вуҷуд дорад.
Чанд маҳсулоте, ки боиси баландшавии қанд мегарданд, инҳо мебошанд:
Соус ва кетчупҳо
Дар таркиби як қошуқ кетчуп як қошуқча шакар (4 грамм) вуҷуд дораду дар таркиби соуси чили — ду қошуқча (тақрибан 8 грамм).
Шавлаву шӯрбои тайёри мағозагӣ
Аз рӯи ҳисоби миёна дар таркиби як порс (100 г шурбои тайёр ё кашша) аз 0,5 до 7 грамм шакар (вобаста ба брендаш) вуҷуд дорад.
Полуфабрикатҳо (сосиска, сарделка, ҳасиб, бекон, ветчина)
Ҳатто истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ бе иловаи шакар намешавад. Маҳз бо шарофати иловаи шакар доштанаш ҳасибу ҳасибчаҳо мисли гӯшт ранги сурху яллақосӣ доранд.
Нон
Дар таркиби тамоми намуди нон қанд ҳаст. Дар 100 грамм нони дилхоҳ аз 7 то 10 грамм шакар вуҷуд дорад.
Маҳсулоти беравғаншудаи ширӣ
Якҷоя бо равған маҳсулоти ширӣ тамъу мазаи худро гум мекунанд. Аз ин рӯ, истеҳсолкунандагон ба таркиби маҳсулоти худ шакар илова мекунанд. Дар таркиби маҳсулоти ширӣ қандро ҳамчун глюкоза, лактоза, фруктоза ва ғайра қайд мекунанд.
Шириниҳои фоиданок
Донагӣ ва хушкмеваҳо дар баробари фоидабахш буданашон на танҳо калорияи баланд, балки қанди зиёд низ доранд.
Нӯшокиҳои ширин
Қанде, ки дар таркиби нӯшокиҳои газнок ва шарбати мева вуҷуд дорад, баробар аст ба қанди таркиби конфету қандинаҳо. Як истакон шарбати ангур аз рӯйи ғизонокӣ баробари як порс торти шоколадӣ аст. Ҳангоми истеъмоли қандинаҳои ширин, андозаро нигоҳ доштан мумкин аст, вале ҳангоми истеъмоли нӯшокиҳои ширин ин чизро риоя кардан душвор аст. Маҳз барои ҳамин калорияҳои “обакӣ” аз калорияҳои “сахт” зиёдтар мешаванд.
Барои баланд нашудани қанди таркиби хун мешавад, ки қандро аз хӯрданиҳо нест кард?
Мутаассифона, қандро аз таркиби хӯрданиҳои номбаршуда нест карда намешавад. Қанд дар таркиби маҳсулоти фоиданок (меваву сабзавот, лубиёӣ ва ғ) низ вуҷуд дорад, ки аз ин хӯрданиҳо даст кашидан лозим нест. Табибон низ пурра аз қанд даст кашиданро тавсия намедиҳанд.
Норасоии глюкоза ва карбогидратҳои зудҳазм боиси руҳафтодагӣ ва асабхаробӣ мегардад, хусусан дар нафароне, ки пайваста дар ҳолати изтироби шадид (яъне, нафарони корашон фаъол ва серҳаракат) қарор доранд. Истеъмоли маҳсулоти ширин табъи инсонро болидаву самаранокияшро беҳтар месозад.
Вале истеъмоли шакар бояд андоза дошта бошад, яъне дар як рӯз 50 г. шакар (10-12 қошуқча) ва ба ин адад қанди таркиби маҳсулоти қанддошта низ дохил мешавад.
Ширинихӯрӣ сабабгори пайдоиши бемории дибаети қанд мешавад?
Тавре ки тадқиқотҳо нишон медиҳанд, дар 30% одамоне, ки ширинӣ истеъмол карда, камҳаракат ҳастанд, бемории дибаети қанд пайдо намешавад. Вале дар суратӣ ирсӣ будани беморӣ ҳуҷайраҳо глюкозаро қабул намекунанд ва дар натиҷа сатҳи он дар хун баланд мегардад.
Агар бар замми ин, инсон камҳаракат бошаду ғизои зарарнок истеъмол намояд, гирифтори диабет мешавад. Аз ин рӯ, нафароне, ки фарбеҳ мешаванд, бояд парҳезро риоя намуда, қанди хунро пайваста назорат намоянд.