Дар кишвари азизамон Тоҷикистон ҳамасола 18-уми август ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз заҳмату хизматҳои шабонарӯзии табибон ва тамоми мутахассисони соҳаи тандурустӣ қадрдонӣ мешавад. Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тиб дар сатҳи баланд нишонаи эътирофу эҳтироми фариштагони наҷот мебошад.
18-уми август ба номи яке аз бузургтарин фарзандони миллати тоҷик - Абӯалӣ ибни Сино, ки дар ҷаҳони илм бо номи Авитсенна низ машҳур аст, пайванди ногусастанӣ дорад. Зеро дар ин рӯз ин мутафаккири бузурги ҷаҳонӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Маҳз ба муносибати зодрӯзи ин донишманди бузург 18-уми август ҳамчун рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб интихоб шудааст. Ин сана аз соли 1994 ҳамчун Иди касбии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон таҷлил мегардад.
Интихоби ин сана тасодуфӣ нест. Зеро Абӯалӣ ибни Сино дар таърихи тиби ҷаҳонӣ мақоми махсус дорад. Китоби машҳури ӯ «Ал-Қонун фи-т-тиб» дар тӯли асрҳо яке аз сарчашмаҳои муҳими омӯзиши тиб ба ҳисоб мерафт ва ҳоло низ аҳаммияти бузурги ҷаҳонӣ дорад. Аз ин рӯ, 18-уми август барои табибони Тоҷикистон рӯзи гиромидошти мероси илмӣ ва маънавии Сино низ мебошад.
Ҳамин тавр, иди касбии табибон бо номи шахсияте пайванд ёфтааст, ки дар рушди илми тиб саҳми бузург гузоштааст. Рӯзи кормандони соҳаи тиб дар рӯзи мавлуди Сино эҳтиром ба таърихи тиб ва ҳамзамон қадршиносии табибони имрӯза мебошад.
Дар ин рӯз дар Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе назди пайкараи Абӯалӣ ибни Сино маросими гулгузорӣ баргузор шуда, намояндагони соҳаи тандурустӣ аз хизматҳои бузурги ин аллома ёд мекунанд.
Рӯзи кормандони соҳаи тиб фурсати муносибест барои баёни сипос ба ҳамаи онҳое, ки ҳаёти худро ба ҳифзи саломатии мардум бахшидаанд. Табибон, ҳамшираҳои шафқат, момодояҳо, кормандони ёрии таъҷилӣ, дорусозон, ташхисгарон ва дигар мутахассисони соҳаи тандурустӣ ҳар рӯз барои саломатии ҷомеа хизмат мекунанд. Махсусан, таҷрибаи солҳои охир нишон дод, ки кормандони тиб дар муқобили бемориҳои сироятӣ ва дигар мушкилоти саломатӣ чӣ гуна масъулияти бузург доранд. Онҳо дар лаҳзаҳои душвор дар сафи пеш қарор гирифта, бо меҳнати шабонарӯзӣ барои наҷоти ҷони инсонҳо талош мекунанд.
Ба ҳамаи кормандони соҳаи тиб, ки бо донишу таҷриба ва қалби пурмеҳр ба мардум хизмат мекунанд, саломатӣ, нерӯи тоза, муваффақият ва дар фаъолияти пурмасъулияташон комёбиҳои бештар орзумандем.
Абдуғаффор ШОДИЕВ