Чанд шаҳру ноҳия нақшаи даъвати ҷавонон ба артишро иҷро карданд
01.10.2025
Oila.tj
63

Имрӯз, 1-уми октябр дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Фарзандони содиқи миллатем!» маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор шуд.

Гуфта мешавад, ки имрӯз нақшаи даъвати ҳарбии ноҳияҳои Сангвор 100%, Лахш 100%, Тоҷикобод 100%, Нуробод 100% ва Рашт 100 фоиз иҷро гардида, дар натиҷа ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якуми маъракаи даъват 100% иҷро намуданд.

Бояд зикр намуд, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро 101 фоиз иҷро намудааст.

Дирӯз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳам аз иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мужда дода буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД