Дар шаҳри Душанбе Фестивали яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнагишикан доир мегардад. Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24 июни соли 2023 ба тавсиб расид.
Ҳайати Комиссия, харҷнома ва нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории Фестивали мазкур дар пойтахт тасдиқ гардид.
Барои баргузор намудани Фестивали мазкур Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби Фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе маблағ ҷудо менамояд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» шанбеи якуми моҳи июл дар Тоҷикистон Фестивали яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнагишикан, инчунин Озмуни қаннодӣ ва ҳалвопазӣ доир мегардад.