Дар рӯзҳои ҷашнгирии Соли нави мелодӣ дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе баъзе бозорҳо фаъолият намекунанд.
Бино ба иттилои Раёсати рушди иқтисодӣ, савдо ва мониторинги шаҳри Душанбе, бозорҳои «Корвон», «Корвон-плюс» ва «Корвон-сити» 1, 2 ва 3-юми январ, бозори «Кӯшониён» 1 ва 2-юми январ, бозори «Меҳргон» 1 ва 2-юми январ, бозори «Фаровон» 1-уми январи соли 2026 фаъолият нахоҳанд дошт.
Манбаъ меафзояд, ки дигар бозорҳо ва марказҳои савдои пойтахт дар рӯзҳои ҷашнгирии Соли нав ба таври муқаррарӣ кор мекунанд.