Arzon march 2024
Чанд аломати хиёнати шавҳар ба зан
821

Аз рӯи омор гуфта мешавад, ки аз 10 марди оиладор 9-тоаш ба ҳамасаронашон хиёнат мекунанд. Аз ин рақам наздик ба 80 фоизашон хиёнати худро қабул мекунанд ва зиндагияшонро тарк мекунанд.

Ҳангоми фаҳмидани хиёнати шавҳар чӣ гуна бояд рафтор кард? Маслиҳати равоншиносони оилавиро бароятон пешниҳод менамоем:

Пеш аз оне, ки шавҳаратонро бо хиёнат айбдор мекунед, бояд аниқ кунед, ки ӯ аниқ ин амалро кардааст? Дар ҳолате, ки бо дили нопур назди шавҳар меоед, ӯ ҳам гуфтаҳои шуморо инкор мекунад, ҳам барои ҳимояи худ шуморо гунаҳгор менамояд.

Барои фаҳмидани оне, ки шавҳаратон ба шумо хиёнат мекунад ё не, якчанд нишонаҳо мавҷуданд, агар бо ин амалҳо вохӯред маълум аст, ки шавҳаратон ба шумо ва зиндагии солими худ хиёнат мекунад:

  • Шавҳаратон муддати тулонӣ бо шумо алоқа надорад ва бе ягон сабаби ҷисмонӣ вазоифи оиладориашро иҷро намекунад;
  • Барои ҳамаи амалҳои шумо, ки ба ҳаёти шахсии ҳардуятон тааллуқ дорад, асабонӣ мешавад ва баҳонаҳои бемаъно меёбад;
  • Таъбаш зуд-зуд иваз мешавад;
  • Ҳангоми сӯҳбати телефонӣ аз хона мебарояд ва ё худро дар ҳуҷраи алоҳида ҳабс карда, паст - гап мезанад. Дар ҳоле, ки ин амалро пештар такрор намекард;
  • Нисбат ба худ аҳаммияти хос медиҳад;
  • Аз сӯҳбат бо шумо мегурезад ва ё ба гапи шумо ҷавоби дағал медиҳад.

Албатта, ин нишонаҳо метавонанд сабаби дигаре низ дошата бошад. Масалан, аз хона баромада, аз шумо пинҳонӣ гап заданаш бо он сабаб аст, ки барои шумо сюрприз тайёр карда истодааст ва намехоҳад, ки пешакӣ шумо огоҳ шаве. Ё шояд барои ягон чорабинии хос ва ё маҷлис худро оро медиҳад.

Бисёр мардҳо касбу корашон ба ҳуснашон сахт алоқаманд аст. Мисол, ҳунармандону сарояндагон ва ё барандагони чорабиниҳо маҷбуранд худро нигоҳубин намоянд ва ин маънои назди дигар бону рафтанро надорад.

Пеш аз оне, ки ҳамсафари ҳаётатонро бо гуноҳи хиёнат айбдор мекунед, мутмаин шавед, то як сухани ноҷои шумо боиси вайронии оилатон нашавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД