Чанд сол қабл ҳукумати шаҳри Панҷакент бандаро ба Ҷашни Наврӯз даъват кард. Чун қаблан азми сафар ба деҳа доштам, ин даъватро пазируфтам.
Як рӯз қабл, корҳои идораро ба сомон расонида аз як сар ба ронандагоне, ки дар масири Душанбе – Панҷакент ва баръакс мусофиркашӣ мекарданду телефонашонро медонистам занг задам, вале бисёриҳо аллакай рафта буданд ва як-ду нафари боқимонда нархро ду ва ҳатто се баробар зиёд мегуфтанд. Ночор мондам. Ин лаҳза ба ёдам Салимҷон расид, ки ду даъфаи охир аз Панҷакент бо мошини ӯ ба Душанбе омада будам. Салимҷон, ки ба назарам аз ман чор ё панҷ сол калонтар аст аз ҳамсоядеҳаи мо аст. Гуфта буд, ки ба ким-кадом тиҷорат машғул аст ва қариб рӯздармиён ба пойтахт омада меравад ва аз роҳ се-чор мусофир мегирад, то ҳам харҷи сӯзишвориро барорад ҳам бо онҳо чақ-чақ карда дурии роҳро наздик кунад. Худаш ҳам ҷавони хушсуҳбат аст ва новобаста аз он ки ҳанӯз ҷавон аст, ҷаҳондидаву корозмуда ба назар мерасад ва хотироти зиёди ҷолибе дорад, ки дар омади гап нақл мекунад.
Хулоса, ба Салимҷон занг задам. Хурсанд шуду гуфт:
- Дилҳоямон наздик аст. Дар вақти муносибе занг задӣ. Мо бо янгаат ба роҳ баромаданӣ ҳастем. Бегоҳ моро ба маъракаи яке аз пайвандон ҷеғ задаанд. Янгаат пухтупаз кард. Ҳамин ҳоло самбӯсаро аз тафдон мегираду ба роҳ мебароем. Ту омода шав.
Аз чунин шудани кор хурсанд шудам.
Соатҳои 15 Салимҷон омад. Дар нишастгоҳи пушт янга, духтару писари тахминан 5-7 солааш нишаста буданд. Бо ҳам саломуайлек кардем ва ба роҳ баромадем. Тасмим гирифтам, ки ба Салимҷон як баробар бештар маблағи роҳкиро медиҳам, то дар Наврӯз ба ду кӯдаки дилбандаш аз номи амакашон ширинӣ гирифта диҳад.
- Иншоаллоҳ, то се соати дигар ба Панҷакент мерасем, - гуфт Салимҷон.
- Худо хоҳад, - гуфтам ман.
Вақте аз шаҳр мебаромадем, дар Чорбоғ, дар муқобили истгоҳи таксиҳое, ки мусофиронро ба шимоли Тоҷикистон мебарад, нафарони зиёде аз ду тарафи роҳ истода, барои пайдо кардани таксии ба ҷайбашон мувофиқ интизорӣ мекашиданд. Дар аввал Салимҷон нияти гирифтани мусофирро надошт, вале вақте аз тӯдаи одамон гузаштем чашми ҳар дуямон баробар ба як духтараки хориҷӣ афтод, ки дар пушташ борхалтаи гароне дошт ва хаста ҳам менамуд. Ронандаи мо мошинро дар назди ӯ нигаҳ дошту бо имову ишора пурсид, ки ба куҷо меравад:
- Куда? Where will go?
- Панҷакент бояд равам, - бо забони шикастаи тоҷикӣ посух дод, хонуми хориҷӣ.
Салимҷон зуд фаромаду ба наздаш рафт. Чун тирезаи мошин кушода буд, суҳбаташонро ман мешунидам.
- 100 доллар диҳед, шуморо мерасонам, - гуфт Салимҷон.
Ростӣ хиҷил шудам. Нархи роҳкиро ба Панҷакент 100 сомонӣ буд ва 100 доллар дар ҳамон шабу рӯз бештар аз 1000 сомонӣ, яъне 10 баробар гаронтар нарх гуфт.
- 100 доллар герон аст, - бо форсии моил ба лаҳҷаи эронӣ посух дод он хонум.
- Э гарон нест, ҳозир ҳама бо ҳамин нарх мебарад. Мошини ман васеъ, дар пушт фақат занам ва ду кӯдаки хурдсолам. Ман аз рӯйи инсоф ба шумо нарх гуфтам. Боз шумо забони моро медонед, барои ҳамин арзон кардам, - ва монанди ин дурӯғҳо мегуфт, Салимҷон.
- Каме арзон кунед? – пойфишорӣ мекард, хонум.
- 900 сомонӣ, 90 доллар, ninety dollar, - гӯё арзон кард дӯсти мо.
- Ҳоло ҳам гарон, - гуфт бону.
- 800 ва тамом. Eigthy dollar. The and. – инглисидонии худро рӯнамоӣ мекард ва қатъӣ гуфт Салимҷон.
Ҳамин тавр, бону розӣ шуд ва мо ба роҳамон идома додем.
Ростӣ табъам хира шуд. Наход ба хотири хориҷӣ буданаш 10 баробар гарон нарх гузорад. Дилам аз Салимҷон монд. Ба ёдам омад, ки се-чор моҳ пеш аксашро аз назди Каъба дар саҳифааш гузошта навишта буд: “Алҳамдулиллоҳ, ки маро бори сеюм зиёрати Хонаи Худо насиб гашт”...
Ҳамин тавр, ғарқи олами андешаҳо кӯҳу пуштаҳоро тамошо карда, мерафтем. Салимҷон мусофири хориҷиро саволборон мекард. Аз ҳамин суҳбатҳо фаҳмидам, ки бону Эми ном дорад ва аз Фаронса аст. Забони форсиро дар донишгоҳи Сорбонн омӯхта, дар як ҳайати илмӣ ба Тоҷикистон омадааст ва ба омӯзиши Панҷакенти қадим машғул аст. Ман ҳам ба Эми чанд суол дода посух гирифтам. Бонуи бисёр кушодачеҳраи хандонрӯ ва меҳрубон буд. Фарзандони Салимҷонро ба навбат мебӯсид ва меҳрубонӣ мекард. Филчае дар занҷираи ҷувздони Эми овезон буд. Чун духтари Салимҷон ба он зиёд таваҷҷуҳ кард, кушода ба ӯ дод. Вале янгаи мо онро баргардониданӣ шуд:
- Бе ин филча дизайни сумкаи шумо вайрон мешавад, сумкаатон кал метобад, - гуфт янга.
Эми, ки форсии эронӣ балад буд, ягон калимаи янгаро нафаҳмид. Ман ба ӯ мақсади ӯро фаҳмонидам. Вале бо вуҷуди ин, филчаро ба кӯдак дод. Чунин бонуи меҳрубону дилкушод буд Эми.
“Як мусалмони ҳоҷӣ, наход чунин як бонуи меҳрубону боимонро фиреб кунад?” – меандешидам ба худ. Гарчанде медонистам, ки чанд баробар гарон кардани нархҳо барои сайёҳон дар тамоми дунё як одати маъмулӣ аст.
Суҳбатҳоямон гарм чӣ тавр аз нақби “Истиқлол” гузашта ба деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ расиданамонро нафаҳмида мондем. Соат наздики 5 буд. Мошини мо, як ду бор силтав хӯрду аз кор монд. Ҳар қадар Салимҷон талош кард, мошин фаъол намешуд. Дар гирду атроф касе ва чизе намудор набуд. Вале Салимҷон моро ором карданӣ шуда мегуфт:
- Дар наздикӣ устохона аст, хавотир нашавед.
Ҳамин тавр, Салимҷон, янга, Эми ва банда қариб ним километр мошинро тела додему баъди як гардиш ба устохона расидем. Як бачаи 15-16 сола, ки дастонаш то оринҷ сиёҳ буд гуфт, ки усто нест, ба ҷое рафтааст, вале рақамашро дод. Усто гуфт, ки баъди ним соат меоям. Салимҷон каме ноумед шуду гуфт:
- Ягон усто, дар умраш гапи рост намегӯяд, ин ҳам шояд баъди як соат ояд.
“Ним” соати ин усто ҳам қариби ду соат тӯл кашид. Усто, ки як ҷавонмарди дар офтоб сӯхтаи қаматбаланд будааст, бо як “Nexia”-и шалақ, ки гумон мекунед ҳамин ҳоло титу пора мешавад омад. Аз мошин фаромаду бо дастони боқувваташ 4-5 маротиба дари “Nexia” -ро сахт зад, вале он маҳкам намешуд. Ахир дудаста дастаки дарро дошта бо пойи боқувваташ ба поёни дар як зарбаи маҳкам заду дар ҳам ба ҷояш истод. Маълум буд, ки ӯ ҳар рӯз аз ин ҳила кор мегирад.
- Кулол дар кӯзаи мунда об хӯрдааст, - андешидам ба худ. Ин чӣ усто аст, ки дари мошини худашро таъмир намекунад...
Усто мошинро диду хулоса кард, ки “стартер”-ашро бояд иваз кард. Чун Салимҷон бояд занашро ба маърака мерасонид саросема гуфт, “иваз кунед”.
- Ман надорам, рафта овардан лозим, - бепарво гуфт усто.
- Чанд пул мешавад, - пурсид Салимҷон.
- Стартер пилус минус 500 сомонӣ, ҳақи кори ман дар ин шабӣ, боз рафта овардан... – андешид усто ва хулоса кард, - 1000 сомонӣ диҳед мешавад. 100 доллар...
- Э як нархи дуруст гӯед усто, инсоф кунед, - бо оҳанги илтиҷо гуфт Салимҷон.
- Хай, 900 тед мешавад...
- Э усто, инсоф кунед...
- 800 як тин ҳам кам намешавад, - қатъӣ гуфт усто.
Салимҷон дигар илоҷе надошт, ҷуз ин ки розӣ шавад.
Ҳамон лаҳза савдои Салимҷон бо Эми ба ёдам омад, вале ҳарфе нагуфтам.
Салимҷону усто ба ҳамон мошини шалақ нишаста барои “Стартер” рафтанд. Рафтанду бедарак шуданд. Кӯдакон, ки дар майдони устохона хуб бо Эми давутоз карданд, гурусна шуданд. Янга бағоҷи мошинро кушоду гуфт:
- Ин дастпухтҳои ман насиби шумо будааст, аз маърака бе ин ҳам дер кардам.
Писари усторо хоҳиш кардем як чойи гарм дам кард. Рӯйи суфаи устохона нишаста самбӯсаҳои бомаззаву кулчақанду чак-чакҳои асалиро нӯши ҷон кардем. Ман аз телефонам мусиқиро баланд кардам. Эми бо кӯдакон ба рақс даромад. Янгаро ҳам ба “саҳна” даъват кард. Ману устобача қарсак зада тамошо мекардем ва ҳар гоҳ як пора чак-чакро зари дандон партофта чой менӯшидем.
Ҳамин лаҳза садои “Nexia” баромад. Янга зуд хадашро саришта карда, рӯйи суфа нишаст, ки шавҳараш рақсиданашро набинад...
Салимҷону усто аз мошин фаромаданд. Усто тарафи сарой рафт. Салимҷон бошад базми моро дида хашмгин шуда бошад ҳам чизе нагуфт ва аз паси усто равон шуд. Боз як соати дигар гузашту Стартери мошинро иваз карданд ва мо ба роҳ баромадем. Ба соат нигоҳ кардам, ки аз 21 гузаштааст.
Эми, кӯдакон ва янга аз рақсу бозӣ хаста шуда буданд. Хобашон бурд. Ману Салимҷон ором ба пеш, ба торикии беохир, ки нури чароғи мошин гӯё онро шикофта роҳ мерафт, нигоҳ мекардем. Тоқатам тоқ шуду гуфтам:
- Салимҷон дӯстам, ман имрӯз Худоро дидам...
- Ман ҳам, - кӯтоҳ посух дод Салимҷон ва ман дарк кардам, ки ӯ иштибоҳи худро фаҳмид ва гумон мекунам ин дарсро то охири умраш фаромӯш нахоҳад кард...
Одил НОЗИР